Татбиқи саноаткунонии босуръат дар минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд
- 31.05.2022, 16:49,
- Хабари рӯз / Иқтисодиёт
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи гирд дар мавзӯи “Такмили истеҳсолоти саноатии минтақа дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуд. Дар нишаст мутахассисони соҳа, олимон ва коршиносон иштирок намуданд.Ҷанбаҳои асосии назариявию амалии саноаткунонии босуръати минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи меҳварии ин нишаст буд. Дар он асосан самтҳои асосии саноатикунонии босуръат дар минтақаҳои мамлакат, ташаккулу рушди соҳаҳои алоҳидаи он дар минтақаҳо, тамоюли рушди сармоягузорӣ барои рушди саноат, иқтидори индустриалию инноватсионии рушди минтақаҳо, таъмини истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда, густариши робитаҳои иқтисодии беруна дар самти ҷалби технологияи замонавӣ ва иқтисодиёт мавриди таваҷҷӯҳу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Ҳамоиши мазкурро Усмонзода Хайриддин Усмон, дирекотори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории мизи гирдро арзёбӣ намудани масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар шарҳ дод.
Ҳамзамон дар доираи нисшаст аз ҷониби коршиносон ва олимони соҳа оид ба саноаткунонии босуръати кишвар: масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҳолати воқеии саноати вилояти Хатлон ва тадбирҳо барои рушди минбаъдаи он, такмили истеҳсолоти сабук дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии саноаткунонии босуръати кишвар ва роҳҳои амалигардонии он дар вилояти Суғд, минтақаҳои озоди иқтисодӣ: мушкилот ва дурнамо махруза пешниҳод гардид.