Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:59 – Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад 
  • 16:37 – Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 

Дар Алмаато 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Дар Алмаато 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид30 майи соли равон бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ва иштироки ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Алмаато бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Алмаато Равшан Бобохонзода оид ба муҳиммияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард, сухан ронд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз санаҳои бузурги таърихӣ номиданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур барои иштирокчиён лавҳаи махсуси ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки дар он аксҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин