Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад31 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров баргузор гардид. Дар ин бора дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар додааст.

Дар мулоқот масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки масъалаи густариши робитаҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Узбекистон дар авлавияти сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зимнан, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт, ки айни ҳол дар минтақа ва ҷаҳон хатару таҳдидҳо афзоиш ёфта истодаанд ва ин раванд марказҳои зеҳнӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи суботу амнияти минтақа, пешгирии хатару таҳдидҳо ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҷиҳати расидан ба рушди устувор ба ҳамкории илмӣ ва оянданигарӣ тақвият бахшанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин