Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Рӯнамоии китоби тозанашри «Навои рӯди кӯҳистон»-и Рудобаи Мукаррам

Рӯнамоии китоби тозанашри «Навои рӯди кӯҳистон»-и Рудобаи МукаррамИмрӯз дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамои китоби тозанашри ашъори шоираи шинохта Рудобаи Мукаррам «Навои рӯди кӯҳистон» баргузор гардид. Маҳфили шеърро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки: «Шеъри ҳар шоир ба мисоли фарзандаш азиз аст ва дар Иттифоқи нависандагон рӯнамоии китобҳои тозанашри адибон ба анъана даромадааст ва маҷмӯае, ки мо ҳоло дар даст дорем, «Навои рӯди кӯҳистон» ном дошта, дар нашрияи ЭР-Граф ба чоп расидааст. Мо чопи ин маҷмӯаро ба муаллифи он табрик мегӯем. Маҷмӯаи мазкур китоби шашуми Рудобаи Мукаррам буда, чунонки аз муҳтавои он бармеояд, таваҷҷуҳи шоира ба мавзӯъҳои Ватан, истиқлол, ваҳдат, тараннуми сулҳу дӯстӣ, ободиҳои диёр ва ишқ бештар аст. Мо чопи ин маҷмӯаро ба дӯстдорон ва алоқамандони адабиёт ва шеър табрик мегӯем.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоҳ дар бораи зиндагиномаи шоира маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки Рудобаи Мукаррам дар баробари ходими ҷамъиятӣ буданаш шеър мегӯяд ва муҳимтар аз ҳама ашъори нави ӯ, ки дар ин маҷмӯа гирд омадааст, бозёфтҳои тозаи шоирона дорад. Ба мисли ин байт:
Он даме, ки бо ту будам як нафас,
Ғам маро андар канораш ғам надод.
Бояд гуфт, ки дар баробари корҳои ҷамъиятӣ Рудобаи Мукаррам ба илм ҳам машғул шуда, номзади илмҳои филологӣ ҳам ҳаст. Ба ибораи дигар, ӯро боҷуръат метавон «Духтари Ватан гуфт».
Ашъори зиёди ӯ тасвирҳои гӯё дорад ва шоира дар сохтани манзараҳои адабӣ табъи равон дорад. Дар шеърҳои ӯ рӯҳи миллӣ эҳсос мешавад. Масалан:
Мо тоҷикем, вориси он қавми пурғурур,
Бар дӯши мост панҷаи партавфишони нур.
Як сарзамини меҳру саховат вуҷуди мост,
Аз мо саломи меҳр расон то ба дури дур!
Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор чопи китоби нави Рӯдобаи Мукаррамро ба муаллиф табрик гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки мо шоҳиди аз маҷмӯа то маҷмӯа камол ёфтани як духтараки одии кӯҳистонӣ шудем, ки шеърҳояш бӯи кӯҳистон, бӯи Бадахшон мекунад. Ман самимона Рӯдобаро табрик мегӯям ва умед дорам, ки дар оянда боз шеърҳои хуберо эҷод мекунад.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб низ чопи ин маҷмӯаи тозаи адибро табрик гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки Рӯдобаи Мукаррам воқеан ба шумули он адибонест, ки ашъораш сода, равон аст ва воқеан дар он навои рӯди кӯҳистон шунида мешавад ва чанд шеъри шоираро таҳлилу баррасӣ намуд.
Профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул бо гузориши густардае дар бораи ашъори Рӯдобаи Мукаррам изҳори андеша карда, аз ҷумла гуфт, ки дар ин асари тозанашр қолабҳои ғазал, шеъри озод, қитъа, дубайтӣ бештар ба мушоҳида мерасад ва шоира дар ин қолабҳои суннатӣ тавонистааст, сухани худро гӯяд. Бештар ба ғано ё лирика гароиш дошта, забону баёнаш равону суфта аст.
Шоири хушсалиқаи тоҷик Муҳтарам Ҳотам низ андешаҳои худро дар бораи ашъори тозаи шоира баён карда, гуфт: «Дар ашъори Рӯдобаи Мукаррам ташбеҳоту талмеҳоти зиёд ба чашм мерасад, ки сухани ӯро шоирона мегардонад. Масалан, шеъри «Номаи барф» саропо тасвир аст ва шоира тавонистааст, ки манзараи зимистонро хеле резакорона тарсим кардааст» ва ҳамзамон байтҳои зиёди шоираро ҳам аз лиҳози муҳтаво ва ҳам аз ҳайси сохтор таҳлилу баррасӣ кард.
Доктори илмҳои филологӣ Умриддин Юсуфӣ баъзе аз мулоҳизаҳои худро дар хусуси ин маҷмӯаи нави шоира баён дошт: «Аз вижагиҳои дигари ашъори Рӯдобаи Мукаррам дар он аст, ки ӯ аз истифодаи калимаҳои номаънус ва душворталаффуз канора мегирад. Ҳамин аст, ки соҳати шеъраш бо калимаҳои содаву дилчасп ороста шудаанд ва дар сохтори зеҳну рӯҳаш таъсиргузор ҳастанд. Ҳамин вожаҳои содаву дилнишинанд, ки бо номи шеър зебоӣ меофаранд, ки розҳои дунёи дарунии ӯро ифшо месозанд.
Дар қолаби ғазал ҳам андешаҳои тоза дорад. Мисол:
То зиндагист, замзама кун дар баҳори ишқ
Бо тори дил таронаи меҳрофарини ман.
Оям агар чу тифл зи нав бар дари ҳаёт,
Номи ту ҳаст худ сухани аввалини ман».
Аминӣ Алишер Файзулло муовини ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат дар хусуси вижагиҳои ашъори нави шоира, корбасти муҳассиноти калом, аз қабили таҷнис, ташбеҳ, истиора, радду-л-аҷуз ила-с-садр, киноя ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён кард.
Ғайбулло Афзалов –раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Давлаталӣ Давлатов – аъзои фаъоли Шӯрои куҳансолон дар хусуси фаъолияти ҷамъиятӣ ва сиёсии шоира суҳбат карданд.
Нигорахон Юнусова –муовини Раиси Кумитаи занони назди Ҳукумати Тоҷикистон, Марҳабо Ҷабборова ва Малоҳат Келдиёрова бо суханҳои меҳромез шоираро бо зодрӯзаш табрик гуфта, барояш барори корҳои эҷодӣ таманно карданд.
Маҳфили шеър ва рӯнамои китоби тозанашри «Навои рӯди кӯҳистон»-и Рӯдоба Мукаррам хеле хотирмон баргузор гашт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин