Дар намоишгоҳи «Уфуқҳо» дар Олмон санъат ва фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ мешавад
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
1 июн дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон маросими ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти унвони «Уфуқҳо» бахшида ба 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он санъат ва фарҳанги Тоҷикистон низ муаррифӣ мешавад. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи таърихи ҳамкории судманди дуҷониба бо Олмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муштарак дар минтақаҳои кишвар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, неруи сабз, санъат ва фарҳанг муаррифӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар ВКХ.
Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ хонум Ирмгард Мариа Феллнер ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг ба намоиши фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшиданд.