Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлил мегардад

Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлил мегардадДар иртибот ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн таҷлил мегардад, мутобиқ ба қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и пойтахт ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо фароҳам овардани намоиши дастовардҳои корхонаҳои саноатӣ, ки маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро бо технологияҳои навтарини замонавӣ истеҳсол менамоянд, пешниҳод гашта, ҳамчунон дастовардҳои самти экологии донишгоҳу донишкада, литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба маъраз гузошта мешаванд.

Ба шаҳрвандон имкон фароҳам оварда мешавад, ки аз намоиш-фурӯш дидан карда, маҳсулоти заруриро аз намоишгоҳ пайдо намоянд.

Инчунин ба хотири болидагии рӯҳияи иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар пешниҳод мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба таъмини беҳдошти муҳити зист, сарсабзу шукуфон гардонидани гулгашту хиёбон, шаҳраку маҳаллаҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом дода шуда, барои ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахт бо қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо- «Душанбе-шаҳри гулрез» дар шаҳри Душанбе озмун эълон карда шуд. Озмуни мазкур аз панҷ номина иборат буда, ғолибони номинаи боғи беҳтарин, гулгашти беҳтарин, хиёбони беҳтарин, кӯчаи беҳтарин ва гулпарвари беҳтарин дар чорабинӣ, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир мегардад, қадрдонӣ мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, ба хотири рушди устувор ва фароҳам овардани шароити мусоид тавассути амалҳои муштараки экологӣ, ташаккули фарҳанги экологӣ миёни аҳолӣ ва дигар ҷанбаҳои мусоидаткунанда барои ҳалли масъалаҳои муосири иҷтимоию экологӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди амал қарор дорад. Вобаста ба амалишавии қарори мазкур озмуни эълоннамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оқибатҳои зарари партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ба муҳити зист» миёни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9-11 бо фарогирии 6 номина дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист натиҷагирӣ карда мешавад.

Гузашта аз ин, бо мақсади таъмини тозагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳо ва манбаъҳои обӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе тибқи нақша ҳар ҳафта аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳли ҷамоат соҳили дарёву каналҳо, шаҳраку маҳаллаҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда мешавад.

То имрӯз 17 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» доир гарида, қариб 15 км соҳил тоза гашта, ба миқдори 1919 м3 партовҳои сахти маишӣ ва қуму лойқа бароварда шуданд. Инчунин дар ин давра 13 маротиба дар шаҳраку маҳаллаҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардида, 4232 м3 партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз шаҳри Душанбе симои замонавӣ гирифта, бо гулгашту хиёбонҳои сарсабз ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба макони гулрез ва сарсабзу хуррам табдил ёфтааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин