Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Мина Гули: Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост

Мина Гули: Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост




















Ин нуктаро Мина Гули, даванди австралиягӣ зимни баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе иброз намуд.
«Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост. Тӯли муддати тамоми давҳоям ин гунаашро боре дар ягон кишвари дигар надидаам, ҳайратангез аст. Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки чунин як чорабинии сатҳи баландро роҳандозӣ намуданд ва онро бо шукуҳ доир карда истодаанд. Ман аз ин, воқеан, дар тааҷубам»,-гуфт Мина Гули.

Ин даванди маъруф зимни баромади худ табиати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф карда, онро «нотакрор» хонд ва гуфт, ифтихор дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст». Мавсуф зимни идомаи суханронӣ аз норасоии оби ошомиданӣ дар аксари кишварҳои олам гуфта, зикр дошт, ки зимни сафари худ ба бисёре аз мамлакатҳо шоҳиди ин масъалаи ҳалталаб мегашт. Ӯ аз ҷумла, кишварҳои қитъаи Африқо ва Ҳиндустонро мисол оварда, таъкид кард, ки онҳо ҳам ба дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ҳақ доранд.

«Ман вақте дар Африқову Ҳиндустон будам, бо сокинони кишварҳо суҳбатҳо доштам. Онҳо аз ман мепурсанд, ки Мина Гули, мо чӣ тавр соҳиби оби тоза шавем? Бо шунидани ин савол ман ғамгин мешудам ва бисёр кӯшиш кардам, ки роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо кунам. Имрӯз ман фаҳмидам, ки конфронси мазкур барои бартараф намудани мушкилоти норасоии об дар ҷаҳон нақши калон хоҳад дошт. Яъне, ман акнун бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо роҳи ҳалро пайдо мекунем»,-гуфт Мина Гули.

Ёдовар мешавем, ки Мина Гули як зани тоҷири австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst” (Ташнагӣ) мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад. Ӯ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об соли 2023 дар Ню-Йорк давоми як сол 200 марафонро дар саросари ҷаҳон ба нақша гирифтааст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин