Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:59 – Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад 
  • 16:37 – Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 

Пешвои миллат: Ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои марбут ба об ба ҳалокат мерасанд

Пешвои миллат:  Ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои марбут ба об ба ҳалокат мерасандҲамасола ҳудуди 485 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд. Ин нуктаро зимни суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» баён доштанд.

Ҳамчунин Пешвои миллат норасоии оби ошомиданиро яке мушкилоти умдаи глабалӣ хонда зикр доштанд, ки “тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд”. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои муштараки ҳамоҳангшуда яке аз роҳҳои муассири мудирияти захираҳои оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ дар кӯраи замин буда метавонад. Гуфта шуд, ки шумораи аҳолии дунё дар ҳоли афзоиш буда, мушкилоти об ҳам то рафт азфун мегардад. Ба ақидаи Пешвои миллат, хуруҷи нобаҳангоми КОВИД–19 яке аз омилҳои таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир нашудан ба масоили марбут ба об гардид. “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав — ҳамагирии КОВИД–19 гардид”, — таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки Дар Душанбе Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷараён дошта, дар он наздики 2210 нафар намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ аз 178 давлати дунё иштирок доранд. Зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО аз маҳалӣ ва хориҷӣ инъикоскунандаи чорабинии амазкур мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббускори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва дигар шарикон мебошад. Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин