Амина Муҳаммад: Ташаккур ба Эмомалӣ Раҳмон барои пешсафӣ дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Дирӯз муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар Душанбе қарор дорад, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.Пас аз дидор Амина Муҳаммад дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, «дар доираи ин сафар мо имконият пайдо намудем, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намоем. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ вобаста ба натиҷаҳои Конфронси имрӯза суҳбати муфид доштем».
Ба таъкиди ноиби Дабири кулли СММ, дар ин мулоқот ба масъалаҳои идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд. «Мо тамоми натиҷаҳои ин Конфронсро барои баррасӣ ба Конфронси СММ оид ба об, ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, пешниҳод мекунем»,- тазаккур дод ӯ.
Сипас, Амина Муҳаммад аз таассуроти бардоштааш аз кори ин Конфронс гуфта, ба Сарвари давлати мо изҳори сипос кард. «Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ барои пешсафӣ дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об ва дар сатҳи баланд ташкил намудаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» минатдории худро баён медорам», — гуфт Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли СММ.