Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Конфронси дуюми Душанбе чорабинии таърихӣ дар сатҳи чаҳон дониста шуд

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Конфронси дуюми Душанбе чорабинии таърихӣ дар сатҳи чаҳон дониста шуд«Рӯзномаи амалиёти об: аз Душанбе 2022 то Ню Йорк 2023» - таҳти ин унвон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, имрӯз бо иштироки васеи намояндагони дохилу хориҷи кившар ҷаласаи навбатӣ доир шуд. Дар он асосан ба масъалаҳои беҳтар кардани ҳамкориҳои обҳои фаромарзӣ дар шохобҳои хурди дарёҳои Осиёи Марказӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти об ва муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Зимни ҷаласа иштирокчиён ӯҳдадориҳо ва амалҳои дақиқи худро дар тамоми самтҳо, ки ба манфиати кишварҳост баён намуда, талош доранд, ки конфронсро ба як чорабинии воқеан таърихӣ табдил диҳанд.
Дар он аҳамияти захираҳои об барои ноил шудан ба рушди устувор ва ҳмифзи манобеи оби ошомиданӣ, дар ин замина паст кардани сатҳи оқибатҳои тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ гардид. Иштирокчиён вазъи ҷаҳонӣ ва тамоюли рушди соҳаи захираҳои об ва талошҳои Тоҷикистонро барои пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баён намуданд.
Зикр шуд, ки Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об пеш аз баргузории конфронси СММ марҳилаи калидӣ буда, мақоми махсус дорад, зеро натиҷаҳое, ки дар ин конфронс ҳосил мешаванд, дар нишасти Ню-Йорк баррасии васеъ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон конфронс мизбони ҷаласаҳои панелӣ, ки фаъолиятҳо ва шарикии обро дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаро мегиранд буда, барои самаранокӣ, арзиши об, шароити бехатарии таъмини об, ҳамкориҳои байнисарҳадӣ ва дигар фаъолиятҳо мусоидат мекунанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин