Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк» бунёд мегардад

Корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк» бунёд мегардад






















Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» тасмим гирифтааст бо корхонаи «Кумуш-Сола»-и вилояти Самарқанд корхонаи муштараки «Самарқанд-Суғд-Силк»-ро бунёд намояд. Дар ин самт алҳол корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.


Иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд. Аз ин теъдод 14 ҳазор метрро атлас ва 6 ҳазор метрро адрас ташкил медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир дар корхона зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз 18 марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шудааанд. Танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин