Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН Рӯзи 7-уми июн дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН" баргузор шуд.
Ҳамоишро ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш ваҳдати ба дастомадаро бузургтарин дастоварди сиёсии замони соҳибистиқлолӣ ном бурд.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови АМИТ Муъмин Назар дар мавриди ваҳдати тоҷикон сухан карда, иқрор намуд, ки дастоварди мазкур натиҷаи гузашткории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Аъзои Комиссияи оштии миллӣ, академики АМИТ Кароматулло Олимов дар баробари таҳқиқи Ваҳдати миллӣ чун падидаи сулҳҷӯёна аз хотироти худ барои ҳозирин ҳикоят намуд.
Доктори илмҳои сиёсӣ Акбаршо Искандаров ҷиҳати нақши Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард. Алҳол, ҳамоиши мазкур идома дошта, ҷиҳати баррасии мавзуъ ҷомеашиносон мубодилаи афкор хоҳанд кард.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин