Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Хонандаи тоҷик Маҳлиёхон Авзалова соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ гардид

Хонандаи тоҷик Маҳлиёхон Авзалова соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ гардидХонандаи синфи 11-и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» Маҳлиёхон Авзалова дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 3 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёи Марказиро ба даст овард, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла Донишгоҳи Крейтен дар штати Небраска, Донишгоҳи Амрикоии Булғористон ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ (ройгон) намуда, изҳори умед кардаанд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад. Донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо наздик ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Маҳлиёхон Авзалова яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад. Вай мегӯяд, ки дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур ӯ дар давоми 2 моҳ «эссе» — ро бо забони англисӣ навишта, пешниҳод намуда, дар озмун иштирок кард ва ғолиб гардид.

Дар воқеъ омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

Дар МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 шогирдони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Айни ҳол 12 нафар хонандагони синфи 11-и ин муассисаи таълимӣ дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикои грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 Донишгоҳҳои бонуфузи Амрикоӣ гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони болаёқат тариқи буҷавӣ дар ин Донишгоҳҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин