Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Ҳомид Маҷидов, забоншинос: «Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад!»

Ҳомид Маҷидов, забоншинос: «Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад!»Бозгашт ба хати арабӣ мардумро бесавод мекунад! Дар ин бора забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов зимни суҳбат бо рӯзноманигорони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ибрози назар кардааст.

Номбурда ёдрас мешавад, ки хати арабӣ, яъне хати ниёгон — ин хати якуми мо нест, балки яке аз хатҳои гузаштаи мост. Аз хати арабӣ пештар мо хати оромӣ* доштем, аз он қадимтар хати мехӣ ва қаблан шояд хатҳои дигар.

Бино ба гуфтаи Ҳ. Маҷидов, дар бораи хати арабӣ баҳсҳо зиёданд. Байни арбобони дин, намояндагони воломақом ва олимон борҳо дар ин маврид баҳсу мунозираҳо сурат гирифтааст. Ба ин масъала зиёдтар забоншиносони номвар Амонов ва Ғаффоров машғул шуда, «26 айби хати арабӣ»-ро ошкор карда буданд. Бинобар ин, ин хат камбудиҳои зиёд дорад.

«Агар мо ба ин хат баргардем, бо ҳама камбудиҳояш бармегардем. Онро тағйир ва такмил дода наметавонем. Зеро он хати «Қуръон» аст, — иброз дошт забоншинос Ҳ. Маҷидов. — Хати «Қуръон»-ро тағйир додан мумкин нест. Ба он хат гузаштан ба мо фоида намеорад. Мардуми мо якбора бесавод мешавад».

Мавриди зикр аст, ки забоншинос, профессор Ҳомид Маҷидов дар мавриди баргаштан ба хати арабиасоси форсӣ соли 2017 таҳти унвони «Даъвои дасисаангез» мақолае навишта, ақидаҳояшро дар он баён намуда буд.



__________________________

* Хати оромӣ — хате, ки танҳо аз овозҳои ҳамсадо иборат буда, 22 ҳарф дошт ва аввали ҳазораи 1 то мелод дар заминаи хати финиқӣ дар ҷамоаи қабилаҳои ғарбии сомӣ — оромиҳо пайдо шудааст. Баъдтар хати оромиро дигар халқҳои сомӣ — яҳудиён, ошӯриён, бобулиён ва ғайра қабул карданд. Дар салтанати Ҳахоманишиён забон ва хати оромӣ баъд аз хати мехии форсии қадим дуввумин забон ва хати давлатӣ буданд. Дар Тахти Ҷамшед бештар аз 500 тахтачаи катибаҳои оромӣ дошта пайдо гардидаанд. Аксари хатҳои забонҳои эронӣ — даҳлавӣ, портӣ, суғдӣ, монавӣ, хоразмӣ ва ғайра дар асоси хати оромӣ пайдо шуданд.

АКС: Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин