Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ

Омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣВаҳдати миллӣ - яке аз бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷикро нигоҳ дошт. Ваҳдати миллӣ беш аз як миллион фирориёнро ба Ватан баргардонда, мардуми парешонро сарҷамъ намуд.

Дар таърихи ҷаҳони чунин дастовардҳо дар садсолаҳо ва ҳатто хазорсолаҳо каме ба вуқӯъ меоянд ва тавлидкунандаи онҳо шаҳсиятҳои таъриҳие қавиирода ва шуҷоатманд, ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Воқеъан, хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти барҷастаи таърихии миллат, марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки мардумро атрофаш мутаҳҳид кард, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввалини фаъолияташон роҳи ҳалли ихтилоф ва ба барқарорсозии сулҳи умумибашарӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ дар Тоҷикистон дар гуфтушуниди мусолиҳатомези Ҳукумати ҶТ ва мухолифин дида, саъю талош ва кушишу ғайрати шабонарӯзӣ меварзид.

Бо талошҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи беназире арзи вуҷуд кард, ки дар тақдири минбаъдаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик таҳаввулоти бунёдӣ ба миён овард. Дар ин рӯзи муборак дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва он ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшид.

Барҳақ имзои Созишнономаи умумии истиқрори сулҳ дар эъмори давлати соҳибистиқлоли мо арзиши зиёди таърихӣ дошта, маҳз ба дунболи он Истиқлолияти давлатӣ истеҳком ёфт. Зеро таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом вазъ қарор дошт. Бо сабаби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва печида гардидани вазъи сиёсии мамлакат, сатҳи зиндагии мардум паст гардид. Воқеаҳои маълуми ҳамон солҳо, ки ба парокандашавию барҳам задании якпорчагии Тоҷикистон таҳдид мекард, ба ҳеҷ як соҳае бе таъсири манфӣ намонд. Дар ин миён зиёд шудани сатҳи қонуншиканӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заъфи адолати судӣ низ истино набуд.

Ба гуфти таҳлилгарон дар фосилаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо фарзанди модари тоҷик ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо кӯдак бепадар ва занон бесаробон монданд. Дар натиҷаи вайрону валангор шудани садҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти дорои аҳамияти умум ба иқтисоди миллӣ миллардҳо сомонӣ зарар расид.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ин масъала ишора намуда, зикр карданд, ки «Бар асари фитнаву низоъҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини мо афрӯзанд, мухолифати шадиди мусаллаҳона миқёси даҳшатнок пайдо карда, Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил меёфт»

Мусаллам аст, ки дар чунин вазъ пеш гирифтани роҳи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ барои роҳбарияти давлат кори осон набуд. Дар ҳамин ҳол даъвати нахустин ба музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, ки роҳбарии давлатро ба ӯҳда дошт садо дод. Аз ҳамон лаҳзаҳо роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъҳои сиёсӣ пеш гирифта шуд, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ заминаи устувор гузошт. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, на танҳо барои тоҷикону тоҷикистониён, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ ҳаяҷоновар буд. Зеро он кори таърихиеро анҷом дод, ки ба раѓми бадхоҳони миллати тоҷик роҳе ба сӯи рӯзгори осуда ва иттиҳоди тоҷикон боз шуд.

Дар заминаи расидан ба ваҳдати миллӣ бояд гуфт, ки зимни музокироти намояндагони Ҳукумат бо сарварии Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоди мухолифини тоҷик, дар фазои эътимоду боварӣ ба ҳамдигар ба Конститутсияи ҷумҳурӣ чун роҳнамои асосӣ такя мешуд. Дар натиҷа даст ёфтан ба имзои Созишномаи сулҳ имконпазир шуд, ки дар ҷаҳони имрӯз таҷрибаи нодири сулҳофарӣ эътироф шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ наздик ба як миллион гурезаҳое, ки замони даргириҳои дохилӣ тарки Ватан карда буданд, ба сарзамини хеш баргаштанд.

Сарвари давлат дар роҳи бунёди сулҳу субот ва ниҳоят ба зиндагии шоиста раҳнамун кардани мардум ҳар гуна кушишҳои бадхоҳонро, ки ба ноором кардани ҷомеа равона гардида буд, бартараф намуд. Аз ин рӯ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар ҳар шакле, ки ифода мешавад маҳз бо заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зеро маҳз дар партави сиёсати ояндасози Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ раванди ноустуворӣ дар мамлакат аз байн рафт ва дар пайи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои расидан ба дастовардҳои бузурги таърихии минбаъда роҳи васеъ кушода шуд.

Ҳоло мардуми кишвар ба фардои босаодати рӯзгори худ хушбин ҳастанд. Зеро аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ шароит фароҳам омад, ки сокинони мамалакат дар ободии сарзамину рузгори худ устуворона қадам гузоранд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд ... агар имрӯз аз мушкилӣ наҳаросида, барои ободиву осудагии Ватан талош варзем, агар кинаву адоватро аз синаҳо абадан дур карда, дар симои ҳамдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем, пойдевори зиндагии фардо ва давлати соҳибистиқлоламонро мустаҳкам мегузорем.

Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки омилҳои таҳкимбахши истиқлолият ва ваҳдати миллиро боз бештар ҳифзу ҳимоя намуда, ба ташаккули он мусоидат намоем, давлати навини демократиро бунёд созем, худшиносиву худогоҳии миллиро пешаи худ қарор бидиҳем, якпорчагии мамлакатро нигоҳ дорем, барои риоя ва иҷрои бечунучарои қонунҳои миллӣ талош кунем ва барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузорем.

Фазои имрӯзаи ҷомеаи мо баёнгари он аст, ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ беҳтарин орзуи амалишуда, дастоварди таърихӣ ва худшиносии миллии тоҷикон мебошад.


Ализода Нигина, муовини якуми вазири адлия ҶТ, н.и.ҳ.

Собирзода Исфандиёр Салом, ректори Донишкадаи

такмили ихтисоси Вазорати адлияи ҶТ, н.и.ҳ.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин