Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ"ДАР АМИТ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ"ДАР АМИТИмрӯз (14.06.2022) дар толори Раёсати АМИТ, бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 25-солагии рӯзи "Ваҳдати миллӣ" дар мавзуи "Самаранокии татбиқи ҳуқуқ ҳамчун омили таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ" баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, конфронсро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, дар мавриди ҷойгоҳ ва арзиши ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи тоҷикистонӣ изҳори назар кард. Мавсуф зикр намуд, ки даст ёфтани миллати мо ба ин дастоварди бузург нишони бедорӣ ва ифтихороти баланди давлатдориро таҷассум менамояд.
Инчунин дар бахши пленарӣ Муҳаммад А., Назар М., Маҳмудзода М., Раҳимзода М., Бобоҷонзода И. Нематов А., Шарофзода Р ва Ғаюров Ш. суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки конференсия дар бахши 2-юм маърузаи 33 нафар муҳаққиқону донишмандон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин