Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар мавзӯи "Ваҳдат - кафили сулҳ" озмун доир менамояд

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар мавзӯи "Ваҳдат - кафили сулҳ" озмун доир менамоядМаркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Суғд бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои милливу умумибашарӣ, Истиқлолият ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони азиз, ривоҷи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бахшида ба 25 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни расм ва мақолаи беҳтаринро дар мавзуи "Ваҳдат - кафили сулҳ" эълон менамояд.
Озмуни мазкур тибқи низомнома байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорон ва роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи фосилавӣ гузаронида мешавад.

Беҳтарин мақола ва расмҳо то ҷамъбасти озмун дар саҳифаи фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ҷой дода мешавад.

Ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Хоҳишмандон метавонанд мақола ва расми худро ба почтаи электронии муассиса: mtiv-sugd@mail.ru ва ё тариқи вайбер ё вотсап ба шумораи 928181072, 929727688, 928881100 пешниҳод намоянд.

Дар мақола ва расм пешниҳоди маълумот, аз ҷумла, ному насаб, вазифа, муассиса, синф, шаҳр/ноҳия, шумораи телефон ҳатмист.

Мӯҳлати охирони пешниҳоди матлаб то 24.06.2022. Рӯихати ғолибон санаи 25.06.2022 дар саҳифаи расмии фейсбукии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд эълон гардида, ғолибон рӯзи 26.06.2022 даъват ва расман қадршиносӣ хоҳанд шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин