Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИКСоли равон аз таъмини ваҳдати миллӣ – дастоварди бузургтарин ва муқаддастарини миллату давлати тоҷикон 25 сол сипарӣ мегардад. Ин сана дар таърихномаи миллат бо ҳуруфи заррин сабт гардидаву онро аҳли оқилу фархундаи миллат бо эҳтирому самимияти беинтиҳо пос медоранд.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардид. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Мардум бо фараҳмандии зиёд ифтихор аз он доранд, ки Парчами Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлолашон дар радифи бузургтарин давлатҳои олам, ба мисли Русияву Амрикова Чину Ҷопон ва ғайра дар фазои Созмони Миллали Муттаҳид насб гардидаву бо парафшонии худ аз мавҷудияти давлати тоҷикон башорат медиҳад. Соҳибистиқлолӣ барои миллату давлат чун як давлату миллати комилҳуқуқ имкон фароҳам овард, ки дар ташкилоти бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид дар радифи дигар давлатҳо як овози ҳалкнанда дошта бошад.

Барои душманони миллати тоҷик соҳибистиқлолии Тоҷикистон нохушоянд буд. Онҳо солиёни зиёд барои аз саҳифаи таърих ба нестӣ бурдани ин миллат ва сарзамини биҳиштосояш дар талош бурданду пайти муносиб меҷустанд. Соҳибдавлатию соҳибистиқлолии ин миллат онҳоро боз бесаранҷомтар кард.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопокашон, яъне аз байн бурдани Тоҷикистон душманони разил ва бадкину бадният роҳу воситаҳои мухталифро ҷустуҷӯ менамуданд, ахиран бар он ноил гардиданд.

Душманон моҳирона аз қувваҳои дохилӣ аз баъзе фарзандони нохалафи миллат, ки худро “фарзандони ба миллат вафодору дилсӯз” муаррифӣ кардаву дар пайи ба даст овардани курсию мансаб талош менамуданд, истифода намуданд. Онҳо ба хотири суст кардани пояҳои давлатдорӣ дар миёни мардум тарғиботи зиддидавлатӣ бурдаву мавҷи эътирозҳоро нисбати Ҳукумату Давлати Тоҷикистон барпо карданд. Мардуми содалавҳ ва аз сиёсат фарсахҳо дур ба тарғиботи дурӯғине, ки гӯё барояш кӯҳи зар муҳайё мекард, ба майдонҳо баромадаву доди озодӣ мезад. Бехабар аз он, ки ин тарғиботчиёни гургсифату рӯбаҳмиҷоз ӯро рӯйрост фиребидаву оқибат бо барпо кардани ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ оромиву осоиштагиро ба нестӣ мебаранд, дар алангаи ин ҷанг хонаву дар, пайвандон, хешону наздиконашро аз даст медиҳад.

Аз касофатии душманони шайтонсифат аксари шаҳрвандони кишвар аз даҳшати ҷанг ва қатлу куштор рӯ ба гурез овардаву кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистонро ҷойи зисти хеш қарор доданд.

Алангаи ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ дар тӯли панҷ сол шумораи зиёди одамонро ба коми худ кашидаву манзилҳои зиёди кӯдакону наврасон аз падару модар маҳрум гардонидаву гирифтори азобу уқубати рӯзгор гардонид.

Силоҳбадастони бераҳм, ки худро ҳокими давр шуморидаву ба касе итоат намекарданд, дар қалби мардум тухми ноумедӣ мекоштанд. Мардум ба ояндаи кишвар ва зиндагии хушу осоишта умеду боварие надошт.

Вазъият торафт нооромтар шуда, алангаи оташи ҷанг доманашро паҳнтар менамуд. Маркази пойтахти Тоҷикистон – Душанбешаҳр шаҳри “мурда”- еро мемонад, ки аз ҳама кунҷу канори он ба ҷуз садои тиру туфанг, оҳу нолаву шеван, садои хандаи шодиву сурур ба гӯш намерасид.

Бенизомиву беҳокимиятӣ, ки ба таъбу ҳадафҳои душманон мувофиқ буд, торафт устувор мегардид. Барои ба эътидол овардани вазъ, ки пешгирии алангаи ҷанги хонумонсӯз зарурати андешидани тадбирҳои заруриву таърихнопазир, ба хотири ҳифзи давлату миллат ба миён омад. Роҳи ягона – баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби роҳбарияти кишвар аз масъалаҳои аввалиндараҷаи он давра ба шумор мерафт. Бо сабаби муташанниҷии вазъ дар Душанбе баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номумкин буд. Аз ин хотир, макони баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.

Хушбахтона, вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни худ ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии қонунгузории кишвар, ҳамзамон, ба вазифаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович) – ро интихоб намуданд.

Ин вакили серғайрату ҷавон, марди ватандӯсту халқпарвар дар лаҳзаҳои нахустини зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтан ҳамчун қавли ҷавонмардони хеш ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намудаву изҳор доштанд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Воқеан, ӯ ба қавли додааш ҳамчун ҷавонмарди ҳақиқӣ вафо кард. Бо ҷасорату мардонагӣ, ба хотири аз вартаи нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат борҳо ҷони хешро дар хатар гузоштаву баҳри ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон нотарсона ба нуқтаҳои дигар сафар намуд.

То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.

Даври якум аз 5 то 9 – уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав, даври дуюм аз 18 то 26 – уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон, даври сеюм аз 20 октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод, даври чорум аз 24 май то 1-уми июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато, даври панҷум аз 25 декабр то 4-уми январи соли 1996 дар шаҳри Ашқобод, даври шашум аз 5 январ то 19-уми январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон, даври ҳафтум аз 26 феврал то 8-уми марти соли 1997 ва аз 23 то 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав самараҳои нек ба бор овардаанд: Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид. Аз ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне аз 27 июни соли 1997 инҷониб дар саросари кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ифтихори ин чорабиниҳои бузурги хотирмон доир мегарданд.

Мардуми кишвар ин рӯзи фархундаро аз муқаддастарин ҷашнҳо ва аз бузургтарин дастовардҳои ҳаёти худ медонад, зеро ки аз файзу баракати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар сарзамину хонадони мардуми тоҷик пас панҷ соли кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳои бемаънӣ сулҳу осоиш тантана кард. Ба ҷойи яъсу ноумедӣ, ғаму ғусса, нолаву фиғон ва харобкорию даҳшатафканиҳо хандаву шодӣ, меҳру муҳаббат ва ободкорию созандагӣ ҳукумрон гардид.

Бе муболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад. Созишномаи истиқрори сулҳро метавон ба шаҳкитоби бузурге шабоҳат дод, ки мардуми тоҷик аз он роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва рӯзгори наву пурсаодатро аз бар намуданд.

Хиради сулҳофарии миллати тоҷик маҳз бо бамизорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як дастоварди бузурги таърихӣ барои ҷаҳониён собит гардид. Ин санад ифодагари сулҳхоҳи фарзандони ин миллати тамаддунсоз буда, аз соҳибхирадии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин фарзандони бонангу ори миллат буданд, ки манфиати халқу миллат, якпорчагии Ватанро аз ҳама боло дониста, ин ҳуҷҷати беназири таърихиро ба имзо расониданд. Бо гузашти асрҳо ин рӯйдод ҳамчун як воқеи бениҳоят бузургу пурарзиш натанҳо моҳияту манзалати худро гум намекунад, балки дар таҳкими минбаъдаи худшиносию худогоҳии миллатамон хизматҳои арзишманд хоҳад кард.

Мардуми тоҷик бо боварии том эҳсос намуд, ки Роҳбари соҳибхирадашон аз рӯзи аввали ба маснади сарварӣ интихоб шуданаш, баҳри пойдории сулҳу амонии кишвар сина сипар кард, бо ақлу тадбир ва хайрхоҳию адолатпешагӣ, бо таҳаммулпазирии бемислаш гуноҳи мухолифони давлату миллатро авф, бо онҳо аҳду паймони бародариву ҳамкорӣ баста, ҳамчун меъмори кордону асил ваҳдати миллиамонро поягузорӣ намуд. Таърихи давлатдории ҷаҳонӣ роҳбареро бо ин гуна сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсӣ ёд надорад.

Агарчи ба ватан бозгардонидани гурезаю муҳоҷирони тоҷикро, ки тибқи баъзе маълумотҳо иддае аз онҳо сабақомӯзӣ мактабҳои сиёсии харобкоронаи миллату давлатамон буданд, ба Пешвои миллат хатарнок арзёбӣ менамуданд, вале ӯ аз ҳадафи пешгирифтааш даст накашид. Онҳоро ба хотири пойдорӣ ва шаъну эътибори давлату миллат пурра ба Ватан бозгардонида, бо ин васила дар қалби хурду калон маъво гирифт, соҳибэҳтироми хосу ом гардид. Бо камоли хиради азалии хеш таҳаммулпазирии бемислро як рукни муҳимми давлатсозиву давлатдории худ қарор додаву дар ин ҷода комёб ва маъруф гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рамз ва мактаби бузурги сулҳу ваҳдатофарӣ ва некхоҳиву накукориро бунёд гузошт.

Агарчи ҷаҳониён то садаи 21 халқу миллати тоҷикро бо фарҳанги пурғановаташ бо шахсиятҳои бузургу нобиғааш, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайёму Абурайҳони Берунӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизматҳои арзишманд намудаанд, мешинохтанду арҷгузорӣ менамуданд, дар асри нав аз миёни фарзандони тоҷик ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ шахсияте ворид гардид, ки таҷрибаи сулҳофарии нодираш дар олам шоистаи таҳсин ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Маҳз бо саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар кишвари тоҷикон сулҳу субот тантана кардаву роҳ ба сӯйи ободкорию созандагиҳо гирифта шуд, балки номи давлату миллати тоҷик бо пешниҳодоти пурарзиши ин сиёсатмадори варзида шуҳраи олам гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошҳои миллату ватандӯстонааш, бо ҷасорати бемислаш натанҳо ҷанги бемаънии шаҳрвандиро хотима бахшшид, балки баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷаҳонӣ: пешгирии хатарҳои экстримистию террористӣ, ки ҷаҳонро ба коми нобудӣ мебарад, ҳамчунин баҳри ҳифзи захираҳои оби сайёра ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони он аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо баланд кард.

Ин марди тавоно натанҳо бо сиёсати оқилонаву пайгиронааш амну осоиши Тоҷикистонро таъмин карда, таваҷҷуҳи оламиёнро ба он ҷалб кард, зиёда аз ин, боварии созмонҳои ҷвҳониро ба фазои орому осоиши кишваррамон таҳким бахшида, онро ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ табдил дод.

Дар ҳаёт қиматтар аз сулҳу осоиштагӣ неъмате вуҷуд дошта наметавонаду тамоми дастовардҳои ҳар як халқу миллат ба ин ду маҳфум сахт вобастагӣ доранд. Аз ҷумла, аз баракати сулҳу осоиштагии кишварамон аст, ки мо ҳамчун халқу кишвари соҳибистиқлол дар тӯли 25 соли таъмини ваҳдати миллӣ ба он дастовардҳои бузурге ноил гардидем, ки ин комёбию пешрафт ҳатто дар замони ҳукумронии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ муяссарамон гардида буд.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани кишварамон ин худ бузургтарин комёбист. Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо шарофати сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби роҳҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Мо бо василаи ин комёбиамон ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон пайваст гардида, рушди бонизоми иқтисоди кишварамонро зина ба зина ва сол аз сол таъмин намуда истодаем. Робитаю ҳамкориҳои бисёрҷабҳаамон бо беш аз 200 давлати дунё ба пешрафти кишварамон мусоидати комил менамоянд.

Бо шарофати сиёсати муваффақи Сарвари оқилу хирадманди миллатамон бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба роҳ монда шуда, аллакай ду чархаи он мавриди истифода қарор дода шуд, ки Тоҷикистони азиз дар солҳои наздик на фақат истиқлоли энергетикии худро таъмин хоҳад кард, балки ба як кишвари бузурги интиқолдиҳандаи қувваи барқ табдил хоҳад ёфт. Он рӯз дур нест, ки бо ин васила кишварамон дар радифи кишварҳои пешрафтаи олам қарор хоҳад гирифт.

Пешвои муаззами миллатамон, меъмори ваҳдати миллӣ ва таҳкимбахши Истиқлоли кишварамон буда, ҳамеша ҳар яки моро бо ҳисси дилсӯзии зиёд ба ҳифзи ҳамешагии самараҳои ваҳдати миллӣ, ки якпорчагии Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд, таъкид мекунанд.

Мардуми кишвар ҳамасола дар фазои сулҳу амният Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуда, ба ояндаи боз ҳам дурахшонтари кишварамон бо назари нек дида медезанд.

Пойдории Ваҳдат, таъмини амнияти мамлакат ва ҳар як хонадони кишварамон аз ҳар кадоме аз сокинони кишвар вобастагии бузург дорад. Ҳар сокини баору номуси он бояд ба қадри ҳамаи ин оромию ободӣ, сулҳу субот, ҳар зарра хоки Ватан, ғамхорию дилсӯзиҳои Пешвои муаззами миллатмон бирасанд ва ҳамеша шукрона аз тинҷию амонӣ дошта бошанд.

Ҳоло, ки дар баъзе кишварҳои олам бо дасти абарқудратҳо ва гурӯҳҳои экстримистию террористӣ ҷангҳои хонумонсӯз аланга дораду мардуми ин кишварҳо дар гирдоби ғаму ғусса афтода, як лаҳзаи осоишро орзу мекунанд, ҳар сокини кишвар бояд нисбати ҳаёти осоиштаи худ бефарқ набошанд.

Тақдири мардуми ҳамсоякишварамон Афғонистон, ки дар ин сарзамин муддати беш аз чил сол аст, ки алангаи чагу хунрезӣ майли хомӯшӣ надорад, бояд беҳтарин сабақомӯз бошад. Миёни роҳбарони мухолифини ин кишвар заррае ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надораду барояшон аз манфиати давлат дида, ҷоҳу мансаб болотар аст. То он даме ки ақлҳои солим дар ин кишвар рӯи кор намеоянду баҳри осоиши мардум қадами устувор гузошта намешавад, ҷанги бемаънии ин кишвар чилсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.

То он даме ки тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистон, алалхусус роҳбарони мухолифини он, бо ҳам муттаҳид нашуда, пайи хатми ҷанг талош нанамоянд, барои таъмини сулҳ дар ин сарзамин касе қодир нест. Агарчи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ соли равон 25 сол сипарӣ мегардаду сарзамини биҳиштосоямон аз баракати он, аз самараи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу шукуфо шуда бошад ҳам, душманони миллату давлатамон то ҳанӯз аз дилу нияти баду нопоки хеш даст накашидаанд.

Мутаасифона, “душманони худӣ” собиқ аъзоёни Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳизби экстримистиву террористӣ эълон гардидаву фаъолияташ тамоман мамнуъ гардонида шуд, яке аз дардиҳандагони ҷанги шаҳрвандӣ буданду бо амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо садҳо шахсиятҳои бузурги миллат ба ҳалокат расиданд. Ин ноҷавонмардон то ҳол санг бар сӯйи давлату миллатамон андохтаву даъвоиҳои пурғаразу бепояшон номи миллатамонро дар арсаи байналмилалӣ доғдор карда, нияти дубора ноором кардани кишварамонро доранд.

Ин пастфитратонро Муҳиддин Кабирӣ собиқ раиси Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон бо хоҷагони хориҷии худ роҳнамоӣ доранду дар орзуи онанд, ки ваҳдати миллии бо ҷоннисориҳои зиёд бадастомадаро барҳам зананд. Аз ин хотир, бо амали нотавонбинонаи хеш пешравиҳои давлат ва роҳбарияти он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарзагӯӣ менамоянд. Ин нотавонбинон бехабар аз онанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ ба иғвою дасисаи касе бовар намекунад.

Ин мардум 25 сол аст, ки болои сарашон хуршеди сулҳу сафо нурафшонӣ мекунад, фирефтаи сухани касе нахоҳад шуд.

Марду зан ва пиру барнои кишвар хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдати миллиро бо нишони шукургузорию арҷгузорӣ пос медоранд ва дар атрофи сиёсати бунёдкоронаву созандаи маърифатпарваронааш муттаҳидона ба сӯи фардои боз ҳам дурахшонтар қадам мегузоранд.

Душанбешаҳр – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон тайи 25 соли тантанаи Ваҳдати миллӣ он гуна зебову назаррабо гардида, ки аз маркази кишварҳои пешрафта ҳеҷ тафовуте надорад. Хонаҳои баландошиёнаи замонавӣ ҳусни Душанбешаҳрамонро ончунон ба таври шинохташаванда дигаргун намудаанд.

Ҳамдастию муттаҳидии аҳли ҷомеаи кишварамон дар бунёдкорию созандагиҳо боиси ободонию пешрафти кишварамон ва туҳфаи беҳтарин ба ҷашни муқаддаси миллатамон 30 – солагии Истиқлоли миллату кишвар собит намудан мехоҳад, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллату кишвар барояшон азизу муқаддас аст, онро сидқан дӯст медоранду барои таҳкимашон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Аз чеҳраҳои дурахшони мардуми кишвар, ки дар фазои сулҳобод умр ба сар мебаранд, чунин маъниҳоро метавон дарк кард:

“Шараф ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сиёсати оқилонаву хирадмандонааш Тоҷикистонро ба кишвари сулҳу субот ва ободу шукуфо табдил дод!”

“Мо, тоҷикистониён, ба хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бароямон муқаддастарин неъмати зиндагӣ – ваҳдату ягонагиро фароҳам овард, самимона арҷгузорӣ менамоем!”

“Шукуҳи давлату миллатмон, ки бо саъю талош ва аз баракати сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардид, ҳамеша побарҷо бод!”

“Пояндаву ҷовидон ва бегазанд бод Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли саросарии кишвар – дастовардҳои беназири давлату миллат!”

Мирзо Ашӯров.,
cармутахасиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқикоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
[right][/right]
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин