Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ВАҲДАТ НЕСТ

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ВАҲДАТ НЕСТВаҳдати миллӣ рамзи дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ ва якдилии мардуми шарифи кишвари азизамон мебошад. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик, албатта, кори осон набуд. Дар ин раванд шахсияте лозим буд, ки ин ваҳдатро барои миллати тоҷик пойдору абадӣ гардонад. Барои ноил шудан ба сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишварамон нақш ва хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Аз ин рӯйдоди таърихию муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик, яъне 27 июни соли 1997, рӯзи имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, чоряк аср сипарӣ мегардад. Агар ба таърих назар афканем, возеҳу равшан мебинем, ки барои пешбурди давлату давлатдорӣ аз ҳама муҳим расидан ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Ба кишвари тозаистиқлоли мо хавфи барҳам хӯрдани давлат ва аз миён рафтани миллат таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин рӯзҳои барои мардуми тоҷик душвору тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат, абармарди хирадманду адолатпеша, сиёсатмадори шинохтаи давру замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифт. Бесабаб нест, ки Сарвари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз рӯзҳои нахустини роҳбариаш баҳри пойдории сулҳ, ваҳдат ва якпорчагии сарзамин, ба мардуми шарифи кишварамон бо чунин муроҷиатнома хитоб намуд: “Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи худро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хавфу хатар монд. Таърих ёд надорад, ки тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор тадбил дода бошад. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона кӯшиш ба харҷ медиҳам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

Аз ҳамин ҷо буд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муҳлат гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва мардуми заҳматқарини кишварамон оҳиста-оҳиста бо қадамҳои устувор баҳри бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ободу зебо гардонидани диёри куҳанбунёди худ дастаҷамъона ба созандагӣ оғоз бахшиданд.

Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро дар атрофи худ сарҷамъ карда, ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз ҷангу кашмокашиҳои бемаънӣ ба танг омада буданд, даъвати ӯро ба ҷон пазируфтанд ва дар пешрафту шукуфоии ватанамон кӯшишу талош ба харҷ доданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми созмонҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ саҳм гузоштанд.

Чунончи, дар боло қайд кардем, давлати соҳибистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардида, маҳрумият ва мусибатҳои зиёдеро аз сар гузаронд: тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ шуд ва давлатро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа ва озмоиши сахту сангини таърихӣ хавфу хатари аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Мардуми Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан хуб дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон мубаддал намуд ва барои наслҳои оянда як кишвари пешрафтаю шукуфо ба мерос гузошт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои пурарзишест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофи ҳамагон ва таҳқиқу омӯзиши васеъ қарор гирифт.

Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне 25 сол пеш, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, инак, чоряк аср мешавад, ки мо ин санаи муҳимми таърихиро чун ҷашни бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ва пуршукӯҳ таҷлил менамоем.

Бояд тазаккур дод, ки ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихии кишвар ҳамчун омили неруманди муттаҳидшавии ҷомеа хизмати бузургу пурарзишро иҷро намуд. Алҳол вақти он расидааст, ки омӯзиши Ваҳдати миллӣ ба ҳайси унсури калидии худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба дар ҷомеаи кишварамон ташвиқу тарғиб карда шавад. Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлол ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар, беш аз пеш таблиғ намоем.

Тақозои замон низ ҳамин аст, ки Консепсияи Ваҳдати миллӣ чун қисми таркибию тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ ва азиз дорад.

Дар замони пуртазоди имрӯза, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро нооромию бенизомӣ, ихтилофоти сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, масъалаи гиромидошту ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳаммияти хос касб кардааст. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлоламонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ диҳем.

Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризму экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъати бештар пайдо мекунанд ва дар минтақаю кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои пурфоҷиа пайдо шуда истодааст. Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои хатарнок дар канор буда наметавонад ва бинобар ин, бояд бо тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёрамон манфиатҳои милливу давлатии худро бо ҳушёриву садоқати самимӣ ҳифз кунем.

Барои таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ, гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроту мафкураи номатлуб ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллат бетарафӣ зоҳир накарда, дар якҷоягӣ бо тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё, шахсони рӯзгордидаву обрӯманд саҳми муносиби худро гузоранд.

Бояд таъкид кард, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ симои тамоми минтақаҳои Ватани азизамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардум назар ба солҳои пештара хеле беҳтару хубтар гардидааст. Ҳамин тавр, мо дар муддати беш аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ ва 25 соли пойдории Ваҳдати миллӣ имкон пайдо намудем, ки кишварамонро обод гардонида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ корҳои созандагиро пайваста идома диҳем.

Мо қудрати Ваҳдати миллӣ, самараи иттиҳоди мардуми нексиришти тоҷикро дар он рӯзҳои сахт воқеан эҳсос намудем ва шукрона аз даврони Истиқлоли давлатӣ менамоем, ки он ба халқи шарафманди Тоҷикистон нерую тавони тоза ато кардааст, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб бо ҳамдигар боз ҳам муттаҳид шуда, даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд ва барои суботи устувор ва оромию осоиштагии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат мекашанд.

Мушкина Мамадназарова,
мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин