Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

“Мавқеъи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик”

“Мавқеъи  Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик” Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 яке аз муҳимтарин ҳодисаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳилаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар буд. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун ҷашне ба ин муносибат муқаррар гашт, на танҳо рӯзи ёдоварии он сана, балки рӯзи бузургдошти худи ваҳдати миллӣ ҳамчун як арзиши бунёдии ҷомеа мебошад. Он ҳам ҷашн ва ҳам андешаву ҳушдору ҳушёрист. Яъне, ваҳдати миллӣ на танҳо боиси қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, балки боиси наҷоти давлату миллати мо гардид.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон як таҷрибаи арзишманди амалӣ буда, мавҷудияти «модели тоҷикии сулҳ» ҳамчун равише бо хусусиятҳои хосаи худ дар доираҳои гуногуни илмию сиёсӣ пазируфта шудааст. Ин таҷриба аз ҷумла, дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста-Рика ҳамчун курси сулҳофарӣ барои дипломатҳо ва дар Донишгоҳи Давлатии Москва ҳамчун курси махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Ҳамбурги Олмон низ ин таҷрибаро дар доираи як барномаи чандсолаи илмӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофе Аннан таъкид намуда буд, ки “тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд”. Яъне, дар будани таҷрибаи нодир ва модели тоҷикӣ шубҳае нест.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва модели ҷаҳонии он маҳз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гузошта шуда, он имрўз муаррифгари воқеъии тавону азамат ва қудрати фарҳангиву ахлоқӣ ва зеҳниву тамаддунии миллати тоҷик дар саросари ҷаҳон дар шароити назми навини ҷаҳонӣ маҳсуб меггардад.
Инҳо аз ҷумла масъалаҳое мебошанд, ки санаи 21 –уми июни соли 2022 дар конференсияи ҷумҳуриявии илмиву маърифатӣ зери унвони “Мавқеъи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷик” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсияи мазкўр, ки бахшида ба таҷлили 25 –умин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шудааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, созмону ташкилот ва намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ бо суханронии мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло оғоз гардида зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҷараён ёфт.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд;
«Вожаи Ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон хеле ҳам муқаддас ва дар айни замон ғояи муҳим дар самти тақвият бахшидани пояи давлатдорӣ ва роҳ пеш гирифтан сўи як ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ ва пешрафта мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳамаи суханрониву баромадҳои хеш ин дастоварди воқеан ҳам муҳими даврони соҳибистиқлолиро меситояд ва ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистони мустақилро ба ин вожа мадюн медонанд».
Ҳамин тариқ тибқи нақшаи чорабининӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо аз ҷумла вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, муовини вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, Субҳиддин Шамсиддинзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар Раҳим муовини раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Шўрои кўҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ҳизби Халкии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни конференсия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсе, ки бо талошҳои созандааш ва ҷонбозию аз ҷонгузаштанҳояш тавонист ин неъмати бебаҳоро ба ин миллат ба пайғом орад гарму самимӣ истиқбол гирифтанд ва меҳру муҳаббати беандозаи худро нисбат ба ин шахси таърихӣ ва мунодии сулҳу ваҳдату суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ баён доштанд. Ва ҳамзамон таъкид намуданд, ки «Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Зимни суханронӣ иштирокчиён ҳамчунин иброз доштанд, ки бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин дастовард, ки мардуми тоҷикро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун намуд таъкид доштанд, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерўманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод.
Дар рафти чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки «Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Мақоми меҳварӣ пайдо кардани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар таркиби тафаккури миллӣ барои рушди мамлакат роҳи васеътар боз намуда, пояҳои иқтисоди миллӣ ва рушди кишварро ҳамаҷониба тақвият бахшид. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрўз Тоҷикистон чун кишвари пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидаву дар сархатти давлатҳои амнтарини ҷаҳон қарор дорад.
Дар ниҳояти чорабинӣ барои беш аз 40 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, хидматгузорони халқу Ватан ва собиқадорони Шурои кўҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сипосномаву ифтихорнома, китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин