Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

НАЗАРЕ БА ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ: ЗАМИНАҲО ВА ТАҲКИМИ ОН

НАЗАРЕ БА ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ: ЗАМИНАҲО ВА ТАҲКИМИ ОНПойдорӣ ва ҷашн гирифтани ваҳдати миллӣ дар ҷомеа дар ҳама гуна давлатдорӣ муҳим аст.

Равишу зиддиятҳои ҷаҳонишавӣ ва омилҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ асолати мо аҳли илмро бештар месозад, ки дар баробари ҷонибдорӣ намудан аз як идеяи хуб дарки умумиро ба вуҷуд оварем, ки ҳар мавзӯъ ва ҳар масъалаеро бо методҳои дедуктивӣ (ки мулоҳизаҳоро аз нуқтаҳои (қонунҳои) кулл ба ҷузъ меоранд) ва ҳамчунин, бо методҳои индуктивӣ (ки боз ҳам тарзи фикррониҳоро аз (қонунҳои) ҷуз ба кулл мерасонад,) қудрати баррасӣ намуданро даҳчанд созем. Вобаста ба таҷриба гирифтан тафаккури инсонӣ дар кадом соҳаи илме, ки фаъолият мекунад, дар худи худ, тадриҷан ба ин дарк мерасад. Аммо барои донишҷӯён дар баробари омӯзиш ҷараёни амал намудан бо равиши ин методҳо заминаи хубе барои тазтар пайдо намудани дарки умумӣ шуда метавонад. Зеро чуноне ки ҳанӯз 27-уми апрели соли 2000 дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, “ҷавонон вориси ояндаи роҳу равиши ҷомеаи демократӣ ва мақомоти олии қонунгузори мамлакат мебошанд” (Эмомалӣ Раҳмон: Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост. Душанбе: «Ирфон», 2000, саҳифаи 5.)

Дар мақолаи мазкур кӯшиш менамоем, ки аз нуқтаи назари фалсафӣ ва дарки умумӣ ба “ваҳдат” рӯ биёварам, зеро мутахассисони дигар онро аз нуқтаи назари таърих зиёд зикр ва таҳлил намудаанд.

Якчанд омилҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ваҳдати миллати тоҷик кӯмакрасон буданд. Аммо донистан ҳатмист, ки дар ҳамагуна шакли ҷамъиятӣ маҳз ҳаёти иҷтимоӣ инсонҳоро ба ҳам меовард ва боз ҳам маҳз хуб будани ҳаёти иҷтимоӣ ва якдигарфаҳмӣ омили асосии шикастнопазирии ваҳдат ва таҳкими он мегардад, ки айни замон, тайи 30 сол мардуми хуштолеъи тоҷик аз он баҳраманд аст.

Агар сухан дар бораи истилоҳи ваҳдати миллӣ равад ва махсусан созишномае, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни ҷонибҳо ба имзо расид, бори дигар аз хиради азалӣ, психологияи ботамкин ва таҳаммулпазирии ин миллат гувоҳӣ медиҳад.

Аз нуқтаи назари фалсафӣ, на танҳо дар низоми давлатдорӣ, ки ба қонунҳои ҷузъии ҷамъиятӣ имрӯз бештар такя мекунад, балки дар қонунҳои куллии фалсафӣ, ки ба тамоми олами ҳастӣ хос аст ва аз он ҷумла, ба ҷамъият ҳам, ин ягонагӣ сарчашмаи буданҳо, қимату арзиши ҳастӣ доштанҳо ва зиёда аз ин рушд карданҳо ҳаст.

Ёдрас мешавам, дуруст аст, ки калимаи ваҳдат маънои ягонагиро дорад, аммо дар осори пурғановати намояндагони илмӣ-адабии миллати тоҷик, ки дар ягонагӣ мезист, калимаи иттифоқ, калимаи якӣ ва монанди инҳо хело хуб ва зиёд истифода мешуд, ки аз густариши ваҳдат дар асрҳои аср гувоҳ аст.

Чун ба фалсафаи ваҳдат таваҷҷуҳ мекунем, истилоҳотҳое, ки аз калимаи ваҳдат бармеоянд, дар фалсафаи форс-тоҷик ва фалсафаи иҷтимоӣ шакли илмӣ гирифтаанд. Ба монанди ваҳдати миллӣ, ваҳдати вуҷуд, ваҳдати маънавӣ ва ғайра. Инҳо истилоҳотҳои хушкухолие нестанд. Чунки дар ҳар форматсияҳои ҷамъиятӣ маҳз ҳамин андешаҳои бузургу фарох ҷараёну равияҳо, шаклҳои гуногуни шуури ҷамъиятиро барои ягонагии миллат ба ҳам оварда тавонист. Ин баҳамоӣ, пеш аз ҳама, аз хиради азалии гузаштагони мо гувоҳӣ медод ва дар ҷомеаи имрӯза низ аз андешарониҳои хирадмандонаи миллати тоҷик дарак медиҳад.

Мафҳумҳои ваҳдати миллӣ, ваҳдати вуҷуд, ваҳдати маънавӣ ва ғайра, ки дар таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ шакли илмӣ гирифтаанд, яке асоси дигаре шудаанд, ё ин ки яке дигареро пурра гардонидаанд. Яке агар бо қонунҳои объективӣ ваҳдати ҳастии оламро маънидод кунад, дигар бо қонунҳои объективию субъективӣ ваҳдати ҳастии ҷамъиятиро пурра мекунад ва сеюмию чорумӣ бо қонунҳои хосу субъективӣ ваҳдати ҳастии як миллатро ва ваҳдати як шакли шуури ҷамъиятиро бо тамоми нозукиҳояш ифода мекунад.

Дар таърихи фалсафа мафҳуми ваҳдати вуҷуд (ки бо номи пантеизм машҳур аст,) ҳарчанд дар равияи тасаввуф шакли илмӣ гирифта бошад ҳам, дар пайдоишаш, аслан заминаҳои иҷтимоӣ дорад.

Омили дигаре, ки барои ба ҳам омадани миллати тоҷик асос шудааст, ба андешаи мо чашидани шаҳди ҳаёти иҷтимоии форматсияи сотсиалистӣ аст. Бисёр нофаҳмиҳо ҳаст байни коршиносон, ки мардуми тоҷик форматсияи капиталистиро, ки миллат ба вуҷуд омадааст, аз сар нагузаронидааст. Аммо бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар зери парчами (шакли парчам панҷ маротиба иваз гардид,) Республикаи советии сотсиалистии Тоҷикистон даврони дигари болотар аз форматсияи капиталистӣ, зинаи аввали коммунизм сотсиализмро ба таври ҷаҳиш аз сар гузаронид, ки ин боиси рушд ва ба куллӣ тағйир ёфтани шуурнокии мардуми тоҷик низ гашт. Ҳарчанд ки чун ҳар форматсияҳои дигар сотсиализм аз баъзе камукостиҳо орӣ набуд, таъсири он барои ба ваҳдати миллӣ омадан назарногир нест. Имрӯз ҳам дар сохтани ин ҷомеа, ки демократист, аз ҳар арзиши хуби он истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Сабаб он аст, ки ҳар форматсияи нав на дар заминаи холӣ, балки бо ба куллӣ тағйир ёфтани шуурнокии инсонҳо ва тарзи муносибатҳои истеҳсолотӣ ба вуҷуд меояд, ки нисбат ба форматсияи пешина дар ҳама соҳаҳо пешрафтатар мегардад. Онро дар қонунҳои илми фалсафа прогресс (пешрафт) дар ҷамъият, ки ба инкишоф бурда мерасонад, меноманд (баъзан регресс (пасрафт) низ ба вуҷуд меояд, аммо он давраи кутоҳро дар бар мегирад, ки хоҳ нохоҳ боз рӯ ба инкишоф дорад).

Таҷрибаи форматсияҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки ягонагӣ дар ҳамагуна ҷамъият ё давлатдорӣ ва беш аз ҳама пойдор мондани ваҳдати он вобастагӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ низ дорад. Вобаста ба рушд кардани ҳар форматсияи ҷамъиятӣ дар инсоният барои зебо хӯрдану зебо пӯшидан, зиёда аз ин, дар форматсияи муосири ҷамъиятӣ зебо истироҳат кардан ба вуҷуд меояд ва онро бо баланд бардоштани муносибатҳои истеҳсолӣ таъмин намудан мумкин аст. Бояд зикр кард, ки дарк кардани қонунҳои объективӣ ба табиат сарукор гирифтанро осон мегардонад (махсусан дар Тоҷикистон, ки макони захираҳои табиист) ва дар ҷамъият дар амалӣ гардонидани муносибатҳои истеҳсолӣ муайян мегардад. Боз ҳам, маҳз бо ҳамин дарки баланд қонунҳои субъективӣ навишта мешаванд, ки мардуми одӣ дар давлатдорӣ бо ифтихор аз миллат Конститутсияро ҳомии истиқлолият ва озодона зиндагӣ карданашон медонанд, ба як эҳтироми хоса риоя аз он мекунанд. Дар ҳамагуна соҳаҳои ҷамъият, ки барои ба низом даровардан ва бештар аз ин, инкишофи ҷомеаю давлатдорӣ ва пештар аз ин, ба ваҳдат омаданҳо ин дарк зарур ва ногузир аст, ки ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шавад ва зиёда аз он пойдор бимонад.

Намояндагони баланддарки миллати тоҷик мувофиқ ба қонунҳои объективӣ барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии инсонҳо бо навиштани қонунҳои субъективӣ низом ва сохторҳои ҷамъиятиро ҷобаҷо гузошта тавонист. Агар то имрӯз новобаста аз таъсири зиддиятҳои идеологии беруна ва тазодҳои гуногун, мо тавонистем низоми ҷомеа, сохтори давлатдориамонро ба роҳ бимонем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, пас дар оянда низ метавонем ин давлатро пойдор ва сулҳу ягонагии миллатро азалӣ нигоҳ дорем.

Назриева О.Ш., номзади илмҳои фалсафа,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин