Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

РӮЙНАМОИИ МАҶМӮАИ “Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”

РӮЙНАМОИИ МАҶМӮАИ “Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”Дирӯз, 22 июни соли 2022, дар оғози конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар Маркази тадқиқоти стратегеии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “25 соли Ваҳдат ва суботи умумимиллӣ: дастовардҳо ва дурнамо” маҷмӯаи “Сулҳу амният дар суханрониҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз ҷониби муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода рӯйнамоӣ гардид. Дар китоби мазкур суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ гирдоварӣ шудаанд.

Маҷмӯа аз ҷониби як гурӯҳ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз усули таҳлили мундариҷавии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (солҳои 1992–2021) дар мавзуи сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ дар ҳаҷми 320 саҳифа мураттаб гардидааст.

Маҷмӯаи мазкур барои сиёсатшиносон, муаррихон, ҷомеашиносон ва доираи васеи хонандагон, ки ба ин мавзуи сулҳу ваҳдат ва суботу амният алоқамандӣ доранд, пешбинӣ шудааст.

Ҳозирин дар рафти рӯйнамоӣ дар бораи ин маҷмӯаи арзишманд маълумоти зарурӣ гирифта, бо мазмуну муҳтавои он шинос шуданд.

Барои маълумоти бештар ва муфассал шумо метавонед шакли электоронии ин маҷмӯаро аз суроғаи зерин зеркашӣ намоед:
китоб
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин