Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳотДар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Забон ҳамчун омили Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Конференсия таҳти роҳбарии мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Олимҷон Муҳаммадҷонзода сурат гирифта, дар кори он профессорону докторони илмҳои филологиву фалсафӣ, олимони ҷавон ва намояндагони ВАО иштирок доранд.

Конфронс бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар оғоз шуда, аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили «Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик», » Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ — арзишҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ » ва » Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ » шунида шуд.

Дар назар аст, ки 10 маърӯзаи дигар аз ҷониби профессорону олимони соҳа садо дода, дар охир филми мустанади истеҳсоли «Тоҷикфилм» «Ваҳдати миллӣ» ба намоиш гузошта шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин