Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад маънои ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан дорад.


Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею макоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани интиқолу молу маҳсулотро ба миён гузошт. Сохтмони шоҳроҳҳо баромадани кишварамонро ба сӯи Уқёнуси ҷаҳонӣ бандарҳои бузургтарин имконпазир сохт. Ин ҳолат боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро дар замони худ бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайваст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд.

Бар асари ин дастовард, яъне расидан ба ваҳдати миллӣ бошад, дар зарфи 25 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат кишвари мо ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки ба иқтисодиёти кишвар дахлдорро номбар кардан мумкин аст:

Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
Тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонида шудани теъдоди онҳо то имрӯз.
Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи Маљмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташакул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
Таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфиродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд.
Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзорӣ кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти кишвар.
Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баору миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гуям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамин ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳаш аст.

Рузиев Аброр Толибович,
Муовини сардори раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадҳкикоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин