Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард»

Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард»Нобасомониҳо, низову кашмакашиҳои солҳои навадуми қарни гузашта имтиҳони сахти таърих ва озмоиши тақдирсозе буд барои мардуми тоҷик. Танҳо бо талоши ҷавонмардонаву ваҳдатофарандаи фарзанди соҳибхираду фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон аз гирдоби туфон, гирдоби марговару фалокатбор ва бозиҳои сиёсии ҳамон давра наҷот ёфта, роҳ ба сӯйи пешрафту ободӣ гирифт, навиштааст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин САИД дар паёми шодбошии худ.
Мавсуф дар идома оид ба таърихи таъсиси созмони умумиҷумҳуриявии Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр кардааст:
Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чун неруи муқтадири тарғибгари сулҳи пойдор дар мамлакат ҷиҳати амалӣ гардондани ғояҳои созанда ва бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни мардум талошҳои зиёд ба харҷ дода, бобати таҳкими сулҳ ва суботу оромии мамлакат ва ҳамгироии халқи тоҷик нақши муҳим гузошт. Ҳаракат дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳамчун ҳаракати ҳамагониву мардумӣ тавонист дар ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёд пайдо намояд, оинномаву Барномаи худро пас аз муҳокимарониҳои дар ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ ва қабул намуда, фаъолияти худро дар самти ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва дар навбати аввал ваҳдати комилу сартосарии миллат ва эҳёи Тоҷикистон ҷоннок намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуману конфронсҳои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунанд, ки: «Маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ нигоҳ дорем.
Баъди истиқрори сулҳ мо ба ҷамъ овардани миллат — яъне ба Ватан ва маҳалли зисти доимиашон баргардонидани қариб як миллион нафар ва ба раванди ҳаёти осоишта пайвастани онҳо ноил шудем.
Ғояи маънавию мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, ободии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад.
Бинобар ин, ҳар шахси бонангу номус, ҳар фарде, ки бо Ватан, бо модари азизаш — Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор мекунад, кулли сокинони кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибихтиёрамонро аз тамоми манофеъи дигар болотар гузоранд, зеро давлату ҷомеа ҳамеша ва дар ҳар давру замон ба эҳтирому арзишҳои умумимиллӣ ниёзманд мебошад».
Бояд тазаккур дод, ки азму ирода ва саъю талош дар роҳи сулҳу ризоияти миллӣ барои тоҷикон мактаби ҳаёт, сабақи таърихии давлату давлатдорӣ гардид. Ва сулҳу ваҳдат паёме буд, ки халқи тоҷикро сӯйи ободонию созандагиҳо ҳидоят намуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои ваҳдатофарӣ ва корномаҳои таърихиашон тавонистанд формулаи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуширо ёбанд. Зеро Пешвои миллат фаъолияти ҷамъиятию сиёсии худро бо вожаҳои «Ваҳдат, сулҳ ва иттиҳод» оғоз намуда буданд.
Моҳи сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар ҳузури намояндагони беш аз 180 кишвари олам ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои фараҳбахши истиқрори сулҳи пойдор дар Тоҷикистон маълумот дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва татбиқи он дар минтақаҳои доғи дунё даъват намуда буданд.
Воқеан, раванди таҳкими ваҳдати миллӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардош. Аз ин рӯ, коршиносон ва аҳли илми кишварҳои мухталиф таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхтанду меомӯзанд ва ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ баҳои баланд медиҳанд.
Аз ҷумла, собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун падидаи нодири фарҳанги сулҳ пазируфта, таъкид намудаанд: «Маро кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳмондӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард».
Бояд гуфт, ки Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиааш асосан дар маркази вилоятҳо фаъолият дошт. Дар солҳои минбаъда доираи фаъолияти он густариш ёфта, аз ҳудуди марказҳо ба ноҳияҳову деҳоти дурдаст доман паҳн кард.
Дар сафҳои ташкилоти ҳаракат шахсиятҳои бонуфуз ва обруманде ҳастанд, ки ҳар кадом бо хизматҳои шоистаи худ дар ҷамъият мақому манзалати хоса касб намудаанд.
Ин нуктаро Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани муассисон махсус таъкид доштанд: «Дар сафи ин ҳаракати ҳамагонӣ бояд ҳазорҳо чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯю табъи сухансанҷ, ҳазорҳо дасту бозуи қавӣ гирд омада, даст ба даст гиранд ва дар ободию пешравии Тоҷикистон саҳм гузоранд».
Аъзои Ҳаракат дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ паҳлуҳои гуногуни сиёсати давлат ва дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоии давраи соҳибистиқлолии мамлакатро таблиғу ташвиқ намуда, ба масъалаҳои таҳкиму арҷ гузоштани сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, устуворию суботи ҷомеа, ҳамбастагии байни халқҳо ва қавмҳову миллатҳо, тарбияи ахлоқии сокинони ҷумҳурӣ, хосатан ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ омили муҳими инкишофёбии ҳаматарафа ва кафили устувору муътадили ҷомеа гардид.
Маҳз ваҳдату ҳамгироии мардуми тоҷик ва талошу заҳматҳои инсонҳои ростбин, гӯшҳои ҳақшунав, ақлҳои бедору хиради дурбин, забонҳои ҳақгӯю табъи сухансанҷ, ҳазорҳо дасту бозуи қавии аъзои Ҳаракат буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд ва мамлакат ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ пазируфта шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро мепазирад ва ба ҳарфу садои тоҷикон гӯш медиҳад.
Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустиву кишоварзӣ, таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони иншооти азим, таҷдиду сохтмони ҳазорҳо километр роҳҳо ва нақбҳо, ки баҳри ба ҳам пайвастани минтақаҳои мамлакат ва бунёди Тоҷикистони воҳид нақши бузург доранд, саҳми муносиби худро гузошта, ғояҳоеро, ки халқи тоҷикро пайи кору пайкор, ваҳдату сулҳу созандагӣ ҳидоят мекунанд, таблиғу ташвиқ дорад.
Имрӯз се мафҳуми ҷудоинопазири ҳаёти сиёсии Тоҷикистон: сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият ба қувваи бузурги созандае табдил ёфтааст ва ҳамчун арзишҳои ҳаётан муҳим метавонанд ояндаи миллату давлати тоҷиконро, фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро рӯшан ва раванди рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро мустаҳкам кунанд, қувват бахшанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандию солорӣ мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузоштанд. Ҳамакнун мову шумо, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бархурдор аз таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва истиқлолияту соҳибихтиёрии худро дар ниҳоди ваҳдати миллӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин