Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд

Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтандРӯзҳои 28-30 июни соли 2022 дар шаҳри Таллин, пойтахти Эстония ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баҳшида ба 30-солагии Конвенсияи об баргузор гардид.

Дар ин бора ВКХ ҶТ хабар дода, менависад, ки дар доираи чорабинии мазкур 29 июни соли 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов ба ширкаткунандагон натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”-ро муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки Конфронси оби Душанбе чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси СММ (соли 2023 дар ш. Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд) ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он дар мусоидат ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об ва инчунин, муҳокимаи чораҳои минбаъда оид ба татбиқи Нақшаи Даҳсолаи амал дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин