Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Кӯчаҳои шаҳри Ҳисор то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру таҷдид мегарданд

Кӯчаҳои шаҳри Ҳисор то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру таҷдид мегардандБо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки кӯчаҳои маҳалли зисташонро пурра мумфарш намоянд. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи Белайдуз дар ин амал пешсафӣ нишон медиҳанд. Ин матлабро раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштааст.

— Дар маҳаллаи Белайдуз аз нисф зиёди кӯчаҳо, ки дар умум 11 ададро ташкил медиҳанд, алаккай мумфарш шудаанд ва бо оғози рӯзҳои гарми тобистон тамиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои боқимонда вусъати тоза пайдо намудаанд, — гуфтааст, раиси маҳаллаи мазкур Маҳкам Мирзоев.

Раиси маҳаллаи Белайдуз Маҳкам Мирзоев ҳамчунин гуфт, ки мумфаршкунии роҳҳо бо дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо усули ҳашар идома дошта, роҳҳои мавзеъҳое, ки мумфарш гардиданд, аз ҷумла дар кӯчаҳои Белайдуз, ба номи Содиқ Аъзамов ва Файзулло Ҳусейнов, ҷӯйҳо ва ду канори роҳ –пайроҳа барои пиёдагардон аз ҷониби истиқоматкунандагони маҳалла бетонпӯш шуданд.

Раиси маҳалла бо қаноатмандӣ аз дастгирии дастҷамъонаи сокинони маҳалла ёдовар шуда, гуфт, ки дар таъмиру мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳо, дар маҷмӯъ дар ободонии маҳалла саҳми оилаҳои Саидовҳо, Усмоновҳо ва Камоловҳо шоистаи таҳсин аст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин