Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

СУРУДИ ВАҲДАТ

СУРУДИ ВАҲДАТ

Расида даври ваҳдатат, аё Ватан, аё Ватан!
Муборак ин саодатат, аё Ватан, аё Ватан!

Чи давлатӣ-ҷавону пир, чи содаиву беназир,
Зиёда бод давлатат, аё Ватан, аё Ватан!

Шарорасон шарат гузашт, чи офат аз сарат гузашт,
Бимонд шарофатат, аё Ватан, аё Ватан!

Чи заҳмату чи ранҷҳо кашидаӣ барои мо,
Фидои ранҷу заҳматат, аё Ватан, аё Ватан!

Зи бевафо раҳо шавад,қарини бовафо шавад,
Ҷафокашида миллатат, аё Ватан, аё Ватан!

Фидо сари азизи мо, ҷаҳони бахтхези мо
Ба сурату ба сиратат, аё Ватан, аё Ватан!

Хитоби ту барои мост, китоби ту раҳои мост,
Ҳакими мост ҳикматат, аё Ватан, аё Ватан!

Чу раҳнамо шавад туро, раҳи раҳо шавад туро
Низоми расму одатат, аё Ватан, аё Ватан!

Гулем мо, туӣ чу боғ, ҳама хушему хушдимоғ,
Ба ҳар куҷо зи накҳатат, аё Ватан, аё Ватан!

Давои хуби дастрас барои зодаи ту бас,
Табобати табиатат, аё Ватан, аё Ватан!

Кам аз ягон ҷаҳон мабод, тиҳӣ зи тифлакон мабод
Канори пурмуҳаббатат, аё Ватан, аё Ватан!

Туро барад вафои мо чу беҳтарин раҳи вафо
Зи ваҳдатат ба қудратат, аё Ватан, аё Ватан!
Низом Қосим

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин