Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД!

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД!Ваҳдати миллӣ аз ҷашнҳои бузург ва хеле гиромии мост, ки бо омад омади он сулҳу дӯстӣ дар тамоми манотиқи кишвар тантанаи тоза ба худ касб мекунад. Воқеан, вақте амиқ маърифат кунем, дарк мекунем, ки тамоми дастоварду пешрафт дар кишвар аз ваҳдат маншаъ мегирад.

Сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми мардуми дунё муҳим ва хостанист. Аз ҳамин зовия мо набояд ваҳдатро дар умум як ҷашн фикр кунем. Зеро, агар соҳибистиқлолӣ аз ҳастии як давлат дарак диҳад, пас ваҳдату иттифоқ аз пойдории он шаҳодат медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки ваҳдати миллӣ барои ҳама фаротар аз як ҷашн аст. Бо дарки ҳамин муҳиммият бузургони мо дар гузашта низ ҷомеаро ба ваҳдату ҳамзистӣ ва иттифоқу сарҷамъӣ даъват кардаанд. Чуноне Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ фаромудааст:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!

Ваҳдат ҳамеша ягонагии фикру ақида, як будани мафкура мебошад, ки таҳкими он як ангушт нею як мушт аст. Ваҳдатро метавон ба ваҳдати ду нафар, ваҳдати гурӯҳҳо ва ваҳдати умумӣ ҷудо кард. Дар ҳар кору амал новобаста аз он ки дар кадом самт иҷро мешавад, агар муттуҳидию дастаҷамъӣ дида шавад, пас он ҷо мафҳуми ваҳдат ба кор меравад. Аммо маҳз донистани ҳамин махсусият муҳим аст, ки ваҳдати инсонҳо бояд дар масири сулҳу салоҳ, оромию ободонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳдошти якпорчагии Ватан равона гардад.


Фридрих Энгелс ба ин назар буд, ки: “Дар ҷое ки фикри умумимиллӣ набошад, дар бораи ягонагии амал ягон ҳарф набояд гуфт”. Ваҳдати миллии мо дар тӯли 25 сол собит намуд, ки он аз аввал то кунун роҳи сулҳу оштӣ ва созандагиро дар заминаи афкори умумимиллӣ тай намудааст. Ваҳдат дар кишвари мо ҳамчун василаи созандагию бунёдкорӣ, кулли мардуми ҷумҳуриро барои сулҳу дӯстӣ муттаҳид намудааст. Бузургони мо аз ваҳдати ояндасоз кор гирифта, ваҳдати гурӯҳҳоро ба ваҳдати умумимиллӣ табдил додаанд. Яқин аст, ки дар ҳар кишваре ваҳдати умумимиллӣ пойдор гардид, пеш аз ҳама дар он оромӣ ҳукмфармо мегардад, чун ҳадафу манфиати ҳама ба як самт – бунёди ҷомеаи орому поянда равона мегардад.

Вақте ки оромию осудагӣ пойдор гардид, дилхоҳ кишвар ба пешравию тараққӣ рӯй меорад. Ба ин маъни нависандаи лаҳистонӣ Генрик Сенкевич таъкид мекнад, ки: “Аз рӯйи созиш давлатҳои хурд бузург мешаванд, аз сабаби ихтилоф, давлатҳои бузург нобуд”. Воқеан, ваҳдати миллӣ ва андешаи ягона инро дар кишвари мо собит намуд. Аз пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикикстон чандон муддати зиёд сипарӣ нашудааст. Аммо ин давра аллакай кишвари моро аз як давлати ҷангзадаю дар садади фаношавӣ, ба як давлати рӯ ба рушду макони амнтарин дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Дар замоне, ки ҳар лаҳзаву сония ваҳдати комил ва осоишатгии моро хатарҳо таҳдид мекунанд, бояд ваҳдати миллӣ – ин рукни муҳими давлатдорию давлатсозӣ ба қимати ҷон нигоҳ дошта шавад. Дар пос доштани ваҳдати миллӣ аз сӯйи ҷавонон насли калонсон бояд аз чораҳое кор гиранд, ки он дар фаҳмиши ҷавонон танҳо аз рақсу бозӣ, шиорпартоӣ ва донистани таърихи ба даст овардани ваҳдат иборат набошад. Балки мунтазам дар ҳама бахшу соҳаҳо ба ҷавонон омӯзонида шавад, ки маҳз ваҳдати миллӣ тавоноии аслии мо дар масири меъмори як давлати ободу ором ва пешрафта мебошад. Фаромуш набояд созем, ки иттифоқию сарҷамъӣ ва яндешаву афкори ягонаи мо дар муқобили ҳар хатари аҳриманӣ метавонад ғолиб ояд.

Поянда бод, итифоқу ҳамдили дар Ватан!

Ҷовидон бод, тантанаи сулҳу оштӣ дар кишвар!


Муҳсин НАМОЗОВ,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии
Академияи идоракунии давлатӣ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин