Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Абдулло Раҳмонзода: Ноогоҳию бетаҷрибагии бархе ҷавонон сабаби шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ мегардад

Абдулло Раҳмонзода: Ноогоҳию бетаҷрибагии бархе ҷавонон сабаби шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ мегардадНоогоҳию бетаҷрибагии баъзе ҷавонон сабаб мегардад, ки онҳо ба доми ҳар гуна гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва таблиғгарони бегонамазҳаб уфтанд. Ба ин масъала, пеш аз ҳама, мо, насли калонсол бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунем, онҳоро беназорат нагузорем, аз мушкилоташон сари вақт воқиф гашта, ба дардашон марҳам шавем. Барои тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мо -волидайн, муаллимон ва аҳли ҷомеа масъулем, иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Мавсуф изҳор дошт, ки таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

«Дар асоси ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила доир ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия гардида, барои иҷрои босифат ба сохторҳои маҳаллии кумита ирсол мегардад»,- гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки дар баробари ин моро мебояд баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо роҳу усулҳои нави таъсиррасониро ба роҳ монем. Дар ин миён Кумита баҳри амалӣ намудани ин мақсад бояд аз механизму усулҳои нави таъсиррасон, ки фазои холигии ҷавононро пурра менамоянд, кор гирад.

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон барои дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаи футбол миёни ҷавонон бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла доир менамояд. Инчунин бо ҷавонон хониши сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаҳои марбута доир мекунад.

Имрӯзҳо барои муттаҳидсозии ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамоиши бошукӯҳи «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!» ҷараён дорад, ки он баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шинос шудан бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мусоидат мекунад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин