Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск

Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти КрасноярскДар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ 2-юми август дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск баргузор гардид.

Соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русияро ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.

Зимни мулоқот муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, изҳори сипос намуда, оид ба имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузории вилоят аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Даря Ковалева муарифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи вилояти Красноярск сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд. Вилояти Суғд бошад барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.

Дар вохӯрӣ аз вилояти Красноярск роҳбарони 16 корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 50 корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В, доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва вилояти Красноярск, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин