Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

НАҚШИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТАЪМИНИ СУБОТИ СИЁСИИ ҶОМЕА

НАҚШИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ТАЪМИНИ СУБОТИ СИЁСИИ ҶОМЕАДар шароити рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ технология низ ба таври бесобиқа рушд намуда истодааст. Рушди бемайлони технологӣ боиси тағйироти куллӣ дар низоми иттилоотӣ гардида, дастрасии оммаро ба он бештар мекунад. Асри XXI ҳамчун асри технология ва иттилоот шинохта шуда, воситаҳои гуногуни иттилоотиро дар дастрасии инсоният қарор додааст. Имрӯз интернет яке аз воситаҳои расонидани ахбор ба ҳисоб меравад ва дастрасии мардумро ба иттилоот содда ва худи шахсро ҳамчун сарчашмаи иттилоот ва паҳнкунандаи хабар фаъол менамояд. Ҳоло ҷаҳони интернет ҷои ВАО-и анъанавиро танг намуда, кам касоне пайдо мешаванд, ки барои гирифтани иттилоот мунтазири рӯзномаву газета бошанд ё назди радио ва телевизион интизор нишинанд.

Бинобар ин, фазои маҷозии интернет дар айни ҳол майдони муҳориба барои расидан ба мақсаду ҳадаф табдил шудааст. Агарчӣ, дар натиҷаи рушди бемайлони технологӣ, оммавӣ гардидани интернет, ба вуҷуд омадани системаҳои гуногуни иттилоотӣ аз яктараф манфиатовар бошад, аз паҳлӯи дигар ҷанбаҳои манфии худро дорад. Оммавӣ гардидани интернет боис гардидааст то ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва порталҳои видеоӣ ба таври фаровон истифода намоянд. Тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ дар фазои иттилоотӣ боиси коста гардидани тафаккури ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, бо назардошти чунин тобиши масъала, амнияти иттилоотӣ як бахши муҳимми амнияти миллӣ дониста мешавад.

Имрӯз ҳар як кишвар талош дорад, ки амнияти иттилоотии худро қавӣ ва мустаҳкам намуда, тафаккури ҷомеаро аз ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ва пай дар пайи душманона, муғризона ва бадхоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз намояд. Зеро ғояҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва идеологияҳои бегона аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ба таври густурда паҳн шуда истодаанд. Ҳуҷумҳои иттилоотиву равонӣ рӯз то рӯз дар афзоиш буда, ба суботи сиёсии ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суботи сиёсии ҷомеа таҳдиди воқеиро ба миён меорад. Аз ҳамин хотир, гузариши ҷангҳои иттилоотӣ ба фазои маҷозӣ сатҳи нави рақобати идеологӣ ба ҳисоб рафта, ҷаҳони интернетро ба сарчашмаи дигари таҳдидҳо табдил медиҳад.

Ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба монанди ДОИШ, Ал – Қоида, Толибон, Ансоруллоҳ, Гурӯҳи 24, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва дигар гурӯҳҳо ҷангҳои шабакавиро ташаккул дода, хостори тағйир додани ҷаҳонбинии ҷомеа мебошанд. Намояндагони гурӯҳҳои мазкур ба таври сунъӣ инсонҳоро ба баҳсҳо ҷалб намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баррасӣ мекунанд ва талош менамоянд ҷаҳонбинии манфиро дар зеҳнҳо ба вуҷуд оваранд. Онҳо иттилооти носаҳеҳ ва ғаразнокро паҳн намуда, кӯшиш мекунанд таъсиррасониро ба афкори ҷомеа афзоиш диҳанд. Бо истифодаи ин абзор мардумро мешӯронанд ва ҷаҳд мекунанд бесуботӣ ва нооромиро вориди ҷамъият кунанд. Имрӯз, дастрасӣ ба иттилооти дуруст ва санҷидашуда номумкин гардида, истифодаи маълумоти бардурӯғ чун анъана аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, иғвогарон ва судҷӯён ба таври фаровон истифода мешавад.

Бинобар ин, паҳн намудани иттилооте, ки миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳо ва моҷароҳоро ба вуҷуд меорад, ба роҳ мондани муҳокимаи раванди сиёсии ҷомеа андешаҳои одамонро ба намоиш мегузоранд ва сатҳи эҳсосии мардумро боло мебаранд, ки боиси ба вуҷуд омадани энерҷии манфӣ мегардад. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз технологияи мағзшӯӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон ва ба вуҷуд овардани гурӯҳҳои нуҳуфта дар ин ё он давлат васеъ истифода мекунанд. Дар ин самт аз барномаҳои махсуси компютерӣ, назарфиребӣ ва дигар роҳу воситаҳо васеъ истифода бурда мешавад. Ташкили чунин ҳолатҳо дар фазои маҷозӣ боис мегардад, ки руҳияи эътирозгароии мардум боло рафта, бо мурури вақт аз фазои маҷозӣ ба фазои сиёсии ҷомеа кӯчонида шавад. Мисоли равшани инро метавон дар бештари кишварҳое, ки дар онҳо инқилобҳои ранга сурат гирифтаанд мушоҳида кард.

Вобаста ба ин, бо назардошти тағйири вазъият ва хусусияти нави таҳдидҳои замони муосир зарур аст, ки намояндагони ВАО, марказҳои зеҳнӣ ва сохторҳои марбута барои сари вақт расонидани иттилооти саҳеҳ аз манбаъҳои муътамад ба мардум иқдом намоянд. Зеро, ҳар лаҳза миллион иттилоот дар фазои маҷозӣ мубодила гардида, шахсиятҳои алоҳида онро аз сатҳи худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ин хусус, таъмини иттилооти дуруст ва дақиқ боиси безараргардидани фазои иттилоотӣ, маънавӣ ва сиёсии ҷомеа гардида, манфиатҳои миллӣ дар ин самт татбиқ гардад.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин