Замони дарёфту дастрасии истқлоли давлатӣ бо бархурд ва муноқишаҳои шадиди гурӯҳҳои мухолиф оғоз гардида, оқибат қудрати сиёсӣ неруҳои мутаассиби исломгароро бинобар иштиғол доштан дар интиқоли инқилоби исломӣ ва роҳандозӣ шудани навъҳои мухталифи терроризм мутаҳҳам намуданд. Агар дилхоҳ неруҳои сиёсӣ дар дилхоҳ кишваре бо дарназардошти интиқоли ормонҳои миллии мансуб ба аҷнабӣ фаъолият бинмуда, кӯшиши татбиқ сохтани низоми таҳмилӣ мекунад, дар ҳеҷ сурат муваффақ нахоҳад шуд.Чунин истротужӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар мавриди роҳандозӣ қарор доштаанд ва дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ шуруъ аз солҳои 90-уми садаи гузашта сенарияи бо татбиқи роҳҳои мухталиф дахл варзидани аҷнабӣ дар умури дохилии он кишварҳо мушоҳида мешавад. Аммо бо пажӯҳиши ин ки чаро тибқи аҳдофи геополитикӣ ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаллиғини қудратҳои ҷаҳонӣ намунаи инқилобии исломиро интихоб кардаанд, моро аз лавозим аст, ки аввалан, объект ва сониян, субъекти геополитикаи муосирро дастрас намоем. Лозим ба ёдоварист, ки қудрат аз васеъ паҳншавии муслимин бохабар ҳастанд ва хеле хуб дарк менамуданд, ки раванди мазкур сатҳи густариши ҳувияти фарҳангии кишварҳои тавсеаёфтаро ноком мегардонад. Масалан, ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон борҳо гӯшзад мекард, ки ҳувияти ғолиб бар соири ҳувиятҳо, яъне ҳувияти фарҳангии амрикоӣ, ки дар пояи протестантизми бритонӣ ташаккул ёфтааст, дар авоили садаи XXI бинобар нуфуз ёфтани ормонҳои мутааллиқ ба ислом осеб мебинад ва ИМА чун кишваре, ки таҳияи сиёсатҳо ғолибан дар марзи ӯ ба вуқуъ мепайванданд, ҷиҳати ягона усули нигаҳдошти қудрат, ки ҳувияти аҳолии он аст, ба инқирози маънавӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Дар ҳоле ки маҳз Ҳантингтон бо дарназардошти таҳияи сенарияи ошкорбаёнӣ (плюрализм) зарбаи маънавӣ бар пайкари низоми сусиёлистӣ зада, марги болшевизмро таъмин намуд, аммо дар масъалае, ки хоси мақолаи мост, таҳияи “панисломизм” дар як замон баробар бо “саҳюнизм” ва “сусиёлизм” эҷод шудааст, бештар матраҳ хоҳад шуд. Иқрор мебояд кард, ки ҳануз дар садаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ тавассути афроди илзомшуда (Ризохони Паҳлавӣ, Камол Мустафо Отатурк, Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва дигарон) дар мамлакатҳои мусалмоннишин андешаи бартарӣ доштани исломро аз соири адён ҷойгузин сохта, маҳз бо истифода аз эҷод намудани таассуби динӣ кишварҳоро аз рушд боздоштанд ва муқаддам аз он бинобар таблиғи Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ таҳти унвони “панисломизм” муслимини дунёро бо истротегияҳои номақбуле чун “ваҳҳобия”, “салафия”, “баҳовия”, “ҳизбуттаҳрир”, “ансоруллоҳ”, “ихвонулмуслимин” ва ҳоказо мубтало сохтанд.
Бинобар ин, бо дастрас шудани истиқлоли сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инчунин таассуб ва тахрибкорӣ дар рафтору гуфтори пайравони Нурӣ ва соири афроди заҳролудшуда мушоҳида мешуд, чунки мо истиқлолро дар соли 1991 соҳиб гардидем, аммо олиҷанобон аз ҳизби наҳзат ҳануз соли 1986 тазоҳурот ҷиҳати интиқол намудани Инқилоби исломии Эрон дар водии Вахш барпо намуда буданд. Чаро маҳз Эрон, ки он ҷо ба шиаи исноашария мақоми давлатӣ дода шудааст? Бештари мубаллиғини амрикоӣ, ки бо пардаи коршиноси улуми ҷомеашиносӣ ба минбарҳо раҳбарӣ мекунанд, баробар бо таҳияи сиёсати мусоид ҷиҳати гирифтор кардани кишварҳои рӯ ба инкишоф аз иртиботи ирсии аҳолӣ суиистифода мекунанд, ки бобати исботи фикр метавон аз вожаи “бародари бузург” истифода кард. Барои аксар кишварҳои пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон) чунин бародаркалон Туркия аст, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз мавқеъ ва вазъи ин кишвар васеъ истифода мекунанд, аммо барои Тоҷикистон фақат Эрон бародари бузург аст ва ҳамчунин, дар хориҷи кишвар низ хеле хуб дарк кардаанд, ки аҳли зиёи Тоҷикистон аз худ бештар ба Эрон эътимод доранд. Шояд ҳамин омили мутазаккир сабаб шуд, ки солҳои интиқоли инқилоби исломӣ анбуҳи бузурги ҷомеаи Тоҷикистон ҷиҳати пайдо кардани паногоҳи сиёсӣ маҳз Эрон ва шиаи дувоздаҳимомаро интихоб карданд. Вале як нафар ватандӯст ва худогоҳ аз зумраи тоҷикон пайдо шуд, ки ин раванди басе зиёноварро боздошту ҷиҳати баргардон кардани фирориён иқдом намуд. Ин фарди худогоҳ ҳамонвақта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Абдуфаттоҳ Шарифзода дар монографияи хеш таҳти унвони “Наҷотбахши миллат” бобати нақши густурдаи шахси мутазаккир ин андешаро баён мекунад: “Эмомалӣ Раҳмонов масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифта, манфиатҳои умумихалқиро бар манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ муқаддам донист. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонов халқи тоҷик нахустин бор чун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таърихи нави худ бо мақсади демократӣ сохтани ҷомеа, сохтани давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва якпорча, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави кишварро қабул кард, ки он барои сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ва риояи дастовардҳои инсоният дар соҳаҳои инсону шаҳрванд кафолат медод” .
Гузашта аз ин, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, равоншод Раҳим Масов ба монографияи мазкур пешгуфторе нигоштааст, ки он ҷо ин ҳарфҳои судмандро гӯшзад менамояд: “Ва ҳеҷ ниёзе нест барои бофтану кофтани ягон “ғояи миллӣ”-и дигар, ки ба ягон халқ рисолати махсуси таърихӣ ва ё нақши махсусро дар рушди башар вогузор мекарда бошад” .
Воқеан, агар ба таърих мутаваҷҷеҳ шавем, дар аксар кишварҳо ва дар дилхоҳ ҷомеаҳо нафаре қудратро бар манофеи миллӣ истифода карда, давлатро аз душманони хориҷиву дохилӣ раҳо мекунад ва ба қудрат омадани фарди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи ин гуфтаҳост. Беҳуда Шарифзода монографияи хешро “Наҷотбахши миллат” унвон нагузоштааст. Чунки дар сурати воқеъ гардидани интиқоли инқилоби исломӣ тавассути афроди ҷаҳолатпеша кишвари мо ба ҳамсоякишвари дар ҷаҳлу торикӣ олуда ва басе аз рушду тараққӣ маҳруммонда – Афғонистон табдил меёфт ва хурофоту зулм бар ақлу хирад ғолиб меомад.Мавсуф зимни баррасии сиёсати хориҷӣ чунин андешаро матраҳ месозад, ки боиси дастгирӣ буда, бинобар донистани мавқеъ дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад: “Дарки мушаххаси мавқеъи геополитикӣ ва таъини равшани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ба Тоҷикистон имкони дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир, таҳкими марҳила ба марҳилаи ин ҷойгоҳ ва истифодаи имконоти ғаниро дар ҳалли мушкилоти дохилӣ фароҳам овард” .
Абдуфаттоҳ Шарифзода муътақид мебошад, ки танҳо сиёсати “Ваҳдати миллӣ” имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон чун кишвари мустақил ҷониби рушду тараққӣ рӯ намояд ва дар иртиботи қавӣ фаъолиятро созмон бахшад. Дар ин маврид муаллиф менависад: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид” .
Лозим ба ёдоварист, ки дар ағлаб кишварҳо роҳбари ношоиста ва побанд аз гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ боиси ба футур рафтани ҷомеа гардиданд ва ин рӯхдод бори дигар исбот мекунад, ки нақши Сарвари давлат дар таъмини субот бағоят бузург аст. Воқеан, дар замони муосир шак ҷиҳати раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд надорад ва ҳатто ашшадитарин инсоне, ки дастовардҳои миллати моро дар замони соҳибистиқлолӣ эътироф намекунад, ба истеъдоду лаёқати инфиродии Президенти кишвар итминон дорад ва мутмаин аст, ки сарҷамъии миллати тоҷик дар ҳоли ҳозир натиҷаи масъулият ва раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ширин ҚУРБОНОВА,
муҳаққиқ
Машраби АБДУЛЛОҲ,
рӯзноманигор