Санаи 23.08.2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ Рӯнамоии китобҳои илмӣ-таҳқиқӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти илмии мавсуф бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш баргузор шуд. Уламои касбу кори гуногун аз муассисаҳои мухталифи давлатӣ субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар Рӯнамоии академик Осимӣ ба АМИТ омада, бо иштиёқи хос аз ҳамкорӣ бо равоншод ҳарф мезаданд.Ҳамоиши илмии бахшидашуда ба олими нақшгузорро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд кард, ки солҳои раҳбар будани хеш равоншод дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон чораҳо меандешид ва имкон фароҳам меовард, ки мутахассисони илм аз зумраи ашхоси маҳаллӣ камол ёбанд. Ҳеҷ фардеро, ки он солҳо дар Академия фаъолият доштааст, намебинед, ки аз устод Осимӣ фикри манфӣ дошта бошад. Ҳама якмаром аз сатҳи олии инсонгарӣ ва донишмандии шодравон сухан мекунанд. Ҳамаи ин далелҳо нишони онанд, ки академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди улум, ба вижа илмҳои табиатшиносӣ нақши муассире гузошта, имкон фароҳам овардааст, ки илми ватанӣ чун қудрат дар қудрат нақшофарин бошад. Пайвасти илму истеҳсолот он солҳо, ки ҳамакнун Шӯравӣ меномем, аз такмил ёфтану тараққии бемайлони илми тоҷик гувоҳӣ медод.
Олимон дар мавзуъҳои гуногуне чун "Муҳаммад Осимӣ-олим ва ходими давлатӣ", "Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ", "Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон", "Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик", "Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО", "Муҳаммад Осимӣ-пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон", "Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон", "Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик", "Муҳаммад Осимӣ-истилоҳшинос ва қомуснигор", "Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ" ба баррасии осор ва фаъолияти Муҳаммад Осимӣ пардохтанд, аммо лаҳзаҳои хотирмон ҳамонҳое ҳастанд, ки раводшод ҷиҳати рушди илмҳои табиатшиносӣ иқдом мекарданд.
Алҳол санаҳои таърихиро аз ҳаёту фаъолияти академик пешкашатон мекунем:
Муҳаммад Осимӣ (Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ; 1920—1996)
- фаласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971),
- академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), - арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).
- президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988.
- хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1941).
- хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Армияи Шӯравӣ (1941-1945).
- мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (солҳои 1946—1952).
- муовини директори Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд.
- 1952—1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ.
- солҳои 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.
- солҳои 1962—1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон.