Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:09 – Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 15:31 – ДИРАФШИ КОВИЁН. Аз қадим то имрӯз тоҷикон парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолу Ваҳдати халқ ва Пойдории давлатдории миллӣ истифода мебаранд 

РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

РУШДИ ИЛМИ ТИБ ВА ИСТИҚЛОЛИ КИШВАРДастёбӣ ба Истиқлоли миллӣ барои ҳар як халқу миллат манбаи бебаҳоест, ки тамоюли рушди тамоми паҳлӯҳои дигари пешравӣ ва тамаддуни миллатҳоро муайян мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди мардуми тамаддуни қадимаи тоҷик” арзёбӣ карданд. Дар тӯли 31 сол кишвари мо ба дастовардҳои назаррасе ноил гашт, ки дар таърих ҳамто надоранд.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, суръат бахшидани саноатикунонии кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳое ба ҳисоб мераванд, ки марҳила ба марҳила роҳи ҳалли худро пайдо намуда, пешравии иқтисоду иҷтимоии кишварро муайян сохта истодаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи навсозии иқтисод «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад, ки ҳадафи асосии он дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ба олимони тоҷик имкон дод, ки дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифода аз технологияҳои муосир дар тибби амалӣ саҳм гузоранд. Набояд фаромӯш кард, ки илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд. Ба ин хотир доимо ҷиҳати рушди бемайлони он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Пешвои миллат дар ҳама вохӯриҳо ва суханрониҳо ба пешравии илм ва ворид намудани технологияи муосир таъкид мекунанд. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.
Имрӯз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Танҳо ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки солҳои 2010-2022 кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб беш аз 200 патент барои ихтироот ва 1170 пешниҳоди навоварӣ ба даст овардаанд. Ин ҳама барои пешравӣ ва рушди илми тиб таъсири бузург расонида истодааст.
Бидуни ин дар даврони Истиқлолияти давлатӣ олимони соҳаи гастроэнтерология аввалин маротиба паҳншавӣ ва генотипҳои гуногуни гепатитҳои музмини вирусии В, Д ва С-ро дар Тоҷикистон муайян намуда, нақшаи нави табобати онҳоро таҳия ва таъсирнокии доруҳои зиддивирусиро омӯхтанд. Ин имкон дод, ки миқдори гузариши гепатитҳои музмин ба сирроз ва саратони ҷигар даҳҳо маротиба коҳиш ёфта, марг ва маъюбшавии беморони зиёд пешгирӣ карда шавад.
Усулҳои нави иммунологӣ, молекулярии ташхис, табобати гепатиҳои музмин ва карсиномаи гепатотселлюлярӣ дар якҷоягӣ бо олимони Британияи Кабир ва Ҷопон коркард карда шуданд. Натиҷаҳои таҳлили молекулярӣ-генетикии вируси гепатити В ҷамъбаст карда шуд. Исбот гардид, ки гени вируси гепатити В дар Тоҷикистон ба гени вирус дар Узбекистон, Чин, Тайланд ва Ҷопон монанд аст.
Дурнамои инкишоф, суръати рушд ва хусусиятҳои клиникию биохимиявии стеатогепатити ғайриалкоголӣ, бемории санги талха ва панкреатит дар беморони гирифтори фарбеҳӣ омӯхта шуд.
Оид ба лоиҳаи “Коркарди доруҳои муосир дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон” доруҳои нави «Гепатоман», «Ферубет» ва «Гастрофит» барои табобати бемориҳои ҷигар ва меъда пешниҳод шуданд.
Олимони соҳаи тиб дар якҷоягӣ бо муҳаққиқони Пажуҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи криодеструкторӣ коркард ва истифодаи нитрогени моеъро ҳангоми ҷарроҳӣ дар узвҳои ковокии шикам дар амалия тиббӣ ворид намуданд. Криоҷарроҳии ҷигар имкон дод, ки истифодаи хун ва зардобаи он ҳангоми амалиёти бурриши ҷигар назар ба ҷарроҳии маъмулӣ то 3 маротиба камтар истифода шавад ва муҳлати бистариши беморон то 7 рӯз коҳиш ёбад.
Технологияи минӣ-инвазивии «ОРСАВ» дар табобати ҷарроҳии бемории ишемиявии дил, шунтикунонии коронарӣ дар дили ғайрифаъол ва шунтикунонии экстраторакалии шараёнҳои брахиосефалӣ дар амалияи тиббӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда шуд, ки ба зиёдкунии умри беморон ва сифати ҳаёти онҳо мусоидат намудааст.
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунтикунонии шараёни гурда бо аутотрансплантат иҷро гардида, табобати вайроншавии назми дил бо роҳи аблятсияи радиобасомадӣ, реваскуляризатсияи таъҷилии миокард дар беморони мубталои синдроми шадиди коронарӣ, усули нигоҳдории структураҳои зеридарғотӣ ҳангоми ивазкунии дарғоти митралӣ ва усули бурриши чавгоншакли даҳлези рости дил ҳангоми ҷарроҳиҳои такрорӣ пешниҳод шуданд, ки маҳсули олимони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Олимони соҳаи саратоншиносӣ усулҳои нави табобати саратони ковокии даҳон ва барқарорсозии оризаҳои онро коркард намуданд, ки дар натиҷа коҳишёбии назарраси маъюбӣ дар ин гурӯҳи беморон ба қайд гирифта шуд.
Дар соҳаи акушерӣ-гинекологӣ дар даврони Истилолияти давлатӣ дастовардҳои зиёди илмӣ ба назар мерасад, ки тамоми онҳо ба коҳиш додани ориза ва фавти модару кӯдак равона карда шудаанд. Аз ҷумла дар занони ҳомила омилҳои хавфи инкишофи норасоии ҳамрояк муайян ва роҳҳои бартарафсозии онҳо пешниҳод карда шуд. Инчунин чорабиниҳои нав оид ба ташхиси барвақтии бемориҳои занона ва ғадудҳои ширӣ коркард ва дар амалия ворид карда шуд, ки ба нигоҳдории қобилияти наслофарии занон мусоидат намудааст.
Аз ҷониби олимони тоҷик ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти табобатии ватанӣ ва маводҳои безараргардонанда таҳия гардиданд, ки ба муассисаҳои тиббии кишвар ба таври ройгон пурра дастрас карда шудаанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ олимон-вирусологҳои тоҷик бори аввал генотипи нави вируси сурхчаро муайян карданд, ки он дар феҳристи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зери номи Tajikistan 25.01.2017 – 17031 ба қайд гирифта шуд.
Дар 12 соли охир қариб то 1000 амалиётҳои пайвандсозии хешутабории гурда, ҷигар ва пайванди мағзи устухон гузаронида шуда, олимони соҳа дар Федератсияи Россия (Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Красноярск) бори аввал амали пайвандсозии гурдаро бо натиҷаи хуб анҷом доданд. Қобили қайд аст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ барои воридсозии табобатҳои гуногун дар амалияти тиббӣ олимони хориҷӣ ба кишвари мо меомаданд ва нозукиҳои касби табибиро ба мутахассисони маҳаллӣ меомӯзониданд. Маҳз Истиқлолят ва Ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки олимони соҳаи пайвандсозӣ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия ва табибони ҷарроҳи дили ватанӣ дар беморхонаи вилоятии кӯдаконаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалиятҳои ҷарроҳиҳои нодирро ворид намоянд.
Фарбеҳӣ, ки вабои аср номида мешавад, имрӯз бо роҳи гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун табобат мегардад. Дар ин самт олимони ватанӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар амалиёти ҷарроҳии метаболикиро коркард ва дар амалия ворид намуданд, ки на танҳои сифати ҳаёти беморонро беҳтар намудаст, балки сабаби озод шудан аз вазни зиёд ва бемории қанд гаштааст.
Борҳо зимни паёму вохӯриҳои худ Пешвои миллат оиди ҷанбаҳои гуногуни никоҳи хешу таборӣ ибрози ақида намудаанд. Вобаста ба ин олимони соҳаи тиб зимни гузаронидани тадқиқотҳои сершумор муайян намуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвари мо беш аз сеяки нуқсонҳои модарзодии навзодон дар заминаи никоҳи хешу таборӣ инкишоф ёфтаанд. Бинобар ин роҳҳои пешгирии таваллуди чунин навзодон бо нуқсонҳо коркард карда шуда, дарҷаи хешутабории наздик, ки никоҳи онҳо аз нуқтаи назари тиббӣ ҷоиз нест, пешниҳод намуданд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи фармасевтӣ низ рӯ ба тараққӣ ниҳода, беш аз 300 номгӯи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ истеҳсол шуда истодааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4 номгӯи маводҳои фаъоли биологӣ: субстрати ҳинги сайёр, хокаи ҳинги сайёр, равғани камол ва хокаи камол дар ғилофак тайёр карда шуда, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Ҷиҳати амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани доруворӣ аз растаниҳои шифобахши ватанӣ 28-уми сентябри соли 2019 сехи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш дар Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ кушода шуда, истеҳсоли 12 номгӯйи маводи доруворӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин бо иштироки бевоситаи олимони соҳа сехҳои коркарди равғани ангату бодом ва дигар гиёҳҳои шифобахши дар навоҳии Ванҷу Балҷувон ба истифода дода шуда, регламентии истеҳсоли малҳам дар асоси бентонит ва равғани эфирии коккутӣ тартиб дода шуд.
Олимони тоҷик дар зарфи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ дар иҷроиши зиёда аз 200 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузори шаванда, 12 мавзӯи илмӣ дар доираи “Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011 – 2020”, 14 мавзӯи ташаббусӣ ва 6 мавзӯъ аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ иштирок намуда, чорабиниҳо ва сессияҳои илмиро дар мавзӯҳои “Дурнамо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои ҷарроҳии дилу рагҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”(с. 2012), “Фарбеҳӣ – проблемаи аср” (с. 2013), “Дастовард ва рушди гастроэнтерологияи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 2014), «Масъалаҳои мубрами гепатологияи муосир» (с. 2015), «Технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии дилу рагҳо ва гинекология» (с. 2016), «Об ва саломатии инсон» (с. 2017), «Саҳми табибони ҷавон дар татбиқи технологияи муосир» (с. 2017), «Вазъ ва дурнамои рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ» (с. 2018), “Фарбеҳӣ-проблемаи аср” (с.2019) ва «COVID-19 ва оқибатҳои он» (с. 2021) баргузор намуданд. Илова ба ин ба тарбияи кадрҳои баландихтисос низ диққати ҷиддӣ дода шуда, хизматҳои олимони ҷавон пайваста қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат сол аз сол рушди илм, махсусан илми тиб хубтару беҳтар гардида, олимон пайваста барои ба натиҷаҳои назаррас комёб гардидан, заҳмат мекашанд.
Ғоибзода А.Ҷ., Каримов Ш.Қ.,
Қурбонов С.Х., Мамадназаров Н.
Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин