Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:09 – Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 16:20 – "РОҒУН" - МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ! 
  • 15:31 – ДИРАФШИ КОВИЁН. Аз қадим то имрӯз тоҷикон парчамро ҳамчун рамзи Истиқлолу Ваҳдати халқ ва Пойдории давлатдории миллӣ истифода мебаранд 

АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТАгар таърихро ҳамчун арсаи тағйироту руйдодҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ намоем, пас касби истиқлолият яке аз падидаҳои нодири таърихи навини кишварамон буда, дар саҳифаи истиқлолиятёбии комили Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҲХДТ, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Ҷаноби олӣ ташаккул ёфт, хеле бузургу нотакрор аст. Зеро ҲХДТ дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи сарвари сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди мӯътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. ҲХДТ мақоми ҳизби роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароитҳои тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, ба даст овард. Боиси ифтихори мост, ки сарвари муаззами ҳизбамон маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро ба дӯши худ гирифта, бо ташаббуси қабули қарорҳои калидӣ ва сафарбарнамоии одамон барои татбиқи онҳо кишварамонро дар як муддати аз фарози фурсати таърихӣ кӯтоҳтарин ба суботу талошҳои рушдгароёна оварда расониданд. Аз ин нигоҳ ҳақ ба ҷониби он соҳибназароне аст, ки пайваста ба алоқамандии ногусастании таҳкими Истиқлолияти давлатии кишварамон бо фаъолияти ҲХДТ таъкид меварзанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои пуртаҳаввули таърихи миллатамон рост омад. Вале ба монеаҳои таърихӣ нигоҳ накарда мардуми тоҷик тавонист истиқлолияти сиёсии кишварашро новобаста аз он, ки тайи ин солҳо амалҳои гуногуни иртиҷоӣ ва монеъавӣ ҳам дар инкишофи истиқлолияти ҶТ хеле зиёд рух доданд, рушд бахшад. Хавфноктарини онхо моҷараҳои сиёсие буданд, ки дар сатҳи баландтарин – ҷанги ҳамватанӣ ва ошӯбҳои дохилиро ба дунбол доштанд. Вале роҳбарияти сиёсӣ тавонист роҳу воситаҳои зарурии аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд, истиқлолиятро нумӯъ бахшад.

Дар фарҳанги сиёсӣ таърифҳои мухталиф ва зиёде дар заминаи шарҳи муҳтавои падидаи мазкур пешниҳод шудааст, ки ба назар мерасад муносибтаринаш ин аст: «Истиқлолият – ҳокимияти олӣ ва бемаҳдуд, соҳибихтиёрии давлат дар корҳои хориҷию дохилист». Ин таъриф дар атрофии ду меҳвари асосӣ давр мезанад: а) қудрати қабули қарор ва пешбурди сиёсати мустақил; б) монополияи қудрати истифодаи фишанги маҷбурнамоию зурӣ дар ҳудуди муайян.

Амалҳое, ки дар давоми ин муддати истиқлолёбӣ баҳри ҳимоя ва инкишоф ба харҷ дода шуданд, маҳз барои татбиқи ҳамин ҳадафҳои Истиқлолияти комили давлатӣ буданд. Дар ин самт корҳои созандаи ҷиддию назаррас ва тақдирсозе пиёда гардидааст, ки зикри онхо фурсати зиёдро талаб мекунад. Яке аз муҳимтарин амалҳои истиқлолиятгаройӣ муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат мебошад. Ҳадафҳои стратегие, ки тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон пайваста барои таъмини онҳо кӯшишу ғайрати беандозаро ба харҷ медиҳад ин мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд ва онҳо дар сиёсати мамлакат ҷойи муҳимро ишғол намуданд. Зеро бидуни ҳалли ин масъалаҳо таъмини якпорчагии ва ваҳдати милли ғайриимкон мегардад. Дар ин муддат қабули Конситутсия ва тағйиру иловаҳо ба он заминаи боэътимоди ислоҳоти сохтори сиёсию ҳуқуқӣ гардиданд. Дар айни замон ҶТ моҳиятан ба сифати давлати мустақили миллӣ инкишоф меёбад ва мушкилиҳои дар ин роҳ ба миён омадаро тавассути ҷалби нерӯи созандаи ҷомеа паси сар мекунад. Аз ин рӯ алҳол дар назди ҶТ вазифаҳои мураккаби таҳкиму инкишофи истиқлолияти сиёсӣ истодааст, ки ҳалли онҳоро бе рушду нумӯъи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, тасаввур кардан мушкил аст. Зеро маҳз дар ҳамин замина эътироф ва арҷгузорӣ аз волоияти ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди кишвар аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ ташаккул меёбад.

Барои бо шароит ва талаботи кунунии рушди мамлакат созгор намудани модели мазкур талошҳои бештаре лозим аст, зеро имрӯз бо мурури ба арсаи фаъолият баромадани созмону ташкилотҳои фаромиллӣ мӯҳтавои истиқлолияти сиёсии давлатҳо ва шароити таъмини суботи иҷтимоии онҳо низ ба тадриҷ ҷеҳраи худро тағйир медиҳад. Яъне агар ба таърихи ташаккули раванди истиқлолиятхоҳии давлатҳои миллӣ ва эътироф ёфтани ин кӯшишхо назар андозем, мебинем, ки имрӯз талошҳои маҳдудсозии доираи татбиқи истиқлолияти ин давлатҳо бештар мешавад. Истиқлолият ва истиқлолиятталабӣ ҳамчун падидаҳои сиёсии қобили эътирофу эҳтироми тарафайни давлатҳо пас аз ба имзо расидани шартномаи Вестфал(1648) амалан рӯи кор омаданд. То ин давра дар заминаи назарияҳо ва амалияҳои ташкили ҳаёти сиёсии кишварҳо бо он дучор омаданамон мушкил аст. Ба тасвиб расидани шартномаи Вестфал чунин низоми муносиботи байналхалқиеро ба миён овард, ки тибқи он акнун вазифаи муайян намудани самти сиёсати байналмиллалӣ, доварӣ дар ҳалли масоили байнидавлатӣ, замонати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудудҳои миллӣ, инҳисори истифодаи ошкорои зӯрӣ, маҷбурнамоӣ нисбати аҳолии ин ҳудуд барои ба даст овардани мақсади умумӣ в.ғ. ба зиммаи давлатҳои мустақил вогузор карда шуд. Чунин амал аз ҷониби соири давлатҳо зътироф ва қонунӣ ҳисобида мешуд ва маҳкумсозию ғасби якдигарӣ маҳкум карда мешуд. Вале на дар ҳама маврид бо чунин тартиби ҷараёни муносиботи байналхалқӣ давлатҳои абарқудрат муросо карданро раво меҳисобанд. Бинобар ҳамин ҳам аксари давлатҳо имрӯзҳо бештар аз пештар ҳатто дар амалиёти дохилияшон муқовимати кишварҳои дигари қудратталабро пайваста эҳсос мекунанд. Тавсеаи фишори қудратталабии ин гунна кишварҳо дар ҷараёни татбиқи сиёсати берунияшон низ ҷой дорад. Яъне на ҳама вақт давлатҳои бузург омода ҳастанд ба истиқлолияти кишварҳои хурд эҳтиром гузоранд ва бинобар ҳамин ҳам дар низоми кунунии муносибатҳои байналхалқӣ фишангҳои аввалан барои таъмини истиқлолияти кишварҳо пешбинишуда на дар ҳама маврид пурра ин вазифаашонро иҷро карда метавонанд. Сабаби инро аксари муҳаққиқон дар он мебинанд, ки баъзе кишварҳо бо сӯиистифода аз имкониятҳои сиёсияшон даъвою баҳонае пеш меоранд, ки гӯё кишваре дар чараёни танзими ҳаёти иҷтимоию сиёсияш ба поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои одамон роҳ медиҳад ва сазовори танбеҳ аст. Яъне аксар маврид чунин амали як давлатро нисбат ба давлати дигар бо он ҳақ баровардани мешаванд, ки истиқлолияти ҳама гуна давлатҳои бузург бемаҳдуд аст. Бо таъкиди ин ҷанбаи истиқлолият усули татбиқи он дар муносибат бо давлатҳои дигар аксар маврид аз мадди назар дӯр мемонад. Ин ҳам бошад дар он ифода меёбад, ки истиқлолияти бемаҳдуди ҳар як давлатро узвияти он дар ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ маҳдуд менамояд, агар он ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони давлати дигар нигаронида шуда бошад. Барои пешгирии чунин амал созмону ташкилотҳои байналхалқӣ амалан аз маҷмӯи таҳримҳои сиёсию иқтисодии дар ихтиёр доштаашон бояд истифода баранд, вале воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки ин фишангҳо на ҳама вақт муаассир мебошанд.

Барои аз байн бурдани чунин ҳолат бояд доварии маҳдуд сохтани истиқлолияти ин гуна давлатҳо ба зиммаи ташкилотҳои эътирофшудаи байналхалқӣ вогузор карда шавад. Дар ин самт алҳол ҷомеаи байналхалқӣ чандин ниҳодҳоеро дар ихтиёр дорад, ки онҳо бояд доварии бетарафонаро дар ин самт таъмин намоянд. Мушкилие, ки дар мавриди фаъолияти онҳо аз кӯшиши маҳдуд гардонидани истиқлолияти давлатҳои алоҳида аҳёнан ба миён меояд ва боиси норозигии ҷомеаҳои алоҳида мегардад ин набудани асосҳои эътирофшуда барои татбиқи амали мазкур аст. Ин дар навбати худ эҳтимоли татбиқи «стандарти духела»- ро нисбати кишвари алоҳида бештар месозад. Айни ҳол ин масъалаест, ки ҷомеаи ҷахонӣ дар ҷустуҷӯи ҳалли он нерӯи ақлонӣ ва амалияи сиёсии худро равона сохтааст. Дарёфти роҳи ҳалли масъалаи мазкур имконият медихад, ки дахолати созмонҳои байналхалқӣ ба корхои сиёсати дохилии ин ва ё он давлат заминаи ҳуқуқӣ пайдо намояд ва легетимӣ дониста шавад. Эҷоди ҳарчи зудтари ин асосҳоро мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи байналхалқӣ бо он рӯ ба рӯ аст, талаб мекунад.

Татбиқи номутавозини хусусияти бемаҳдуди истиқлолияти сиёсии давлатҳои мустақил дар муносибатҳои байналхалқӣ паёмади дигари манфиро низ ба дунбол дорад. Бештари давлатҳои қудратманд бо истифода аз ин усул умдатан кӯшиши таъмини ҳарчи бештари амнияти худро ба харҷ медиҳанд. Ин ҳолат дар амалияи сиёсии муосир «муаммои амниятӣ» ном гирифтааст ва моҳияташ аз он иборат аст, ки таъмини ҳарчи бештари амнияти як кишвар таҳдиди амнияти кишвари дигарро зиёд мекунад. Аз мадди назар дӯр кардани зарурияти ҳарчи бештари муҳокимаи паёмадҳои чунин тарзи татбиқи истиқлолияти сиёсии давлатҳо минбаъд метавонад боиси болоравии таҳдидҳои муғризонаи баъзе аз онҳо нисбати якдигар гардад.

Ин ва дигар масоили матраҳгашта зарурияти пайваста дар заминаи вазъи тағйирёбандаи дунёи муосир мавриди баҳсу андешарониҳои назарӣ қарор додани дурнамою равиши татбиқу ҳифзи истиқлолияти давлатии кишварамонро пеш мегузорад. Яке аз амалҳои муассиру самарабахш дар ростои ин мушкилотҳо барои таъмини суботи ҷомеаи имрузаи тоҷикистонӣ ин такя ба неруи андешаи миллӣ, аз ҷумла яке аз унсурҳои муҳими он ватанпарстӣ, мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки модели мазкури рушди иҷтимоии Тоҷикистон имруз заминаи густурдаи назарияпардозӣ пайдо намудааст.

Бо эҳтирому арҷгузорӣ аз нақши роҳбари муаззами ҳизбамон дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ мехоҳам баён дорам, ки ғояҳои умумимиллие, ки ҲХДТ ташаккул додаасту маҳаки барномаҳои онро ташкил медиҳанд ва имрӯз онҳо танҳо дар қолаби шиору назарияпардозиҳо маҳдуд намешаванд ва онҳо аллакай дар сохтмони иншоотҳои азими аср ба монанди сохтмони НБО Роғун, роҳу пулҳои сатҳи сифати байналмилалӣ, корхонаҳо, биноҳои муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини сатҳи муносиби зиндагӣ ва ғайра татбиқи худро меёбанд. Яъне имрӯз дар заминаи ин ғояҳо муҳити куллан пешрафтаи ҳаётие ташаккул ёфта истодааст, ки сокинони ин сарзаминро бе эҳсоси ташвишу нигаронӣ ба ояндаи дурахшон уммедвор месозанд. Тавонмандии нишон додани муҳтаво ва натиҷаи ифодаёбии ғояҳои умумимиллӣ дар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мартабаи ҳизби моро ҳамчун таҳаррукбахшандаи Тоҷикистон ба уфуқҳои нави рушд пеши назари аҳли ҷомеа боз ҳам болотар хоҳад бурд. Ин посухи муносибе на танҳо барои рақибони ҳизб, балки барои мушкилоти имрӯзаи ҷаҳониву минтақавӣ аст. Мақоми роҳбарикунанда доштани ҲХДТ танҳо бо салоҳияти мудирияти ҳаёти ҷамъиятӣ маҳдуд намешавад, балки он ҳамеша бо мардум будану хизмат баҳри ба ояндаи дурахшонтар расидани Ватани маҳбубамонро қарзу ҳадафи худ меҳисобад.

Зеро шиори ҳизби мо ҳамеша бо мардум будан ва рушд кардан ба хотири “зиндагии шоиста” аст.

Усмонзода Х.У.
узви вобастаи АМИТ,
директори МТС назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Минбари халқ” 7 сентябри соли 2022, №35 (1381)
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин