Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви СММ барои иштирок дар конфронси навбатӣ дархост ирсол намудаанд

«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви СММ барои иштирок дар конфронси навбатӣ дархост ирсол намудаанд«Корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» бомаром идома доранд. То инҷониб намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз гӯшаву канори ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо фаъолият мекунанд, барои иштирок дар конфронс дархост ирсол намудаанд. Мо, албатта, мунтазир ва омодаи таъмини иштироки фаъоли намояндагони кишварҳо, созмонҳо ва дигар алоқамандон мебошем»,- иброз намуд муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳотам Қурбонов.

Мусоҳиб хотирнишон сохт, ки конфронси дарпешистодаи Душанбе сеюмин чорабинии сатҳи баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз- мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад.

«Тоҷикистон созмонҳои байналмилалию минтақавиро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои глобалии замони муосир медонад. «Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ силсилаконфронсҳои сатҳи баландро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирии омилҳои гуногуни он, аз ҷумла сарчашмаҳои маблағгузории терроризм баргузор кардааст. Ҳамин буд, ки аз натиҷаҳои ин ҳамоишҳо «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» оғоз гардид. Дар ҷараёни ҷаласаҳои мавзӯии конфронс бо дарназардошти аҳаммияти тақвияти иқтидори ҳимоявии сарҳади давлатӣ мо тасмим гирифтем, ки бахши алоҳидаро дар мавзӯи “сафарбаркунии захираҳо” бо иштироки намояндагони кишварҳои донор ва институтҳои байналмилалии молиявӣ баргузор намоем.

Дар ҳошияи конфронс инчунин чорабинии канорӣ бахшида ба таҷрибаи марбут ба кишвари мо, ки дар минтақа аввалин шуда Стратегияи идоракунии сарҳадотро қабул намудааст, ташкил мегардад. Чунин ҷаласаҳои канорӣ инчунин аз ҷониби шарикони мо – ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ташкил хоҳанд шуд. Меҳвари ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад. Ин яке аз дастовардҳои бузурги кишвари мо дар замони соҳибистиқлолист»,-илова намуд Ҳотам Қурбонов.

Бино ба гуфтаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ, маҳз ҳамин сиёсат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин