Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ медали биринҷӣ ба даст овард

Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ медали биринҷӣ ба даст овардПаҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абузабӣ (АМА) медали биринҷӣ ба даст овард. Мусобиқаи мазкур 21-23 октябр бо иштироки 414 нафар варзишгарон (239 мард, 175 зан) аз 65 давлат баргузор шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Темур дар вазни +100кг рақобатро аз ҳаштякфинал шурӯъ карда, бар варзишгари Узбекистон Бекмурод Олтибоев, дар чорякфинал бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Чех Лукас Крпалек, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хӯрд. Темур сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Мариус Физел аз Словакияро мағлуб намуд. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерланд, медали дигари биринҷӣ насиби Иней Маринич аз Словения гардид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо иборат аз 10 нафар – 2 зан, 8 мард дар ин мусобиқаи сатҳи баланд ширкат карданд. Дар вазни -90кг ду варзишгари мо натиҷаи беҳтар нишон доданд – Ҷаҳонгир Маҷидов ҷои панҷум, Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ин сеюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин имсол дар Чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардид ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ гирифт.

Мавриди зикр аст, ки сайри ҷаҳонии гӯштини дзюдо соли 2022 бо Гранд Слами Боку (4-6 ноябр), Гранд Слами Токио (3-4 декабр) ва мусобиқаҳои ситораҳои дзюдо дар Байтулмуқаддас (20-22 декабр) ба анҷом мерасад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин