Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатӣ сохта мешаванд

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатӣ сохта мешавандТо ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак 180 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву ҷамъиятӣ бунёду навсозӣ мегардад. Аз ҷумла, сохтмони 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 табобатӣ, 5 варзишӣ, 2 фарҳангӣ, 20 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасониву маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шудааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

«То имрӯз дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз ёфта, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 14 иншоот, як корхонаи истеҳсоли қуму шағал, хатти оби нӯшокӣ ба дарозии 2,5 километр, Муассисаи томактабии № 9 дар маҳаллаи Тутқавули деҳоти Пули Сангин, ки аз соли 1990 то инҷониб фаъолият намекард, навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Аз тарафи соҳибкорон Муҳиддин Табаров ва Ҷамшед Раҳимов сохтмони ду меҳмонхона ба анҷом расида, корҳои ободонии гирду атрофи онҳо идома доранд. Навсозии кӯли ҷавонон, боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, терминали хизматрасонии «Бурс», сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Даҳана, бозор дар минтақаи манзилии № 4, майдони варзишии марказӣ барои 10 000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш дар маҳаллаи Сари Боло, панҷ бинои 4-ошёна дар маҳаллаи Дуконӣ, бинои кинотеатри «Вахш», бинои 6-ошёна дар минтақаи манзилии № 2, бинои 7-ошёна, дар доираи лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбии 52168 оғоз гардида, босуръат идома дорад», — афзуд манбаъ.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҳудуди шаҳр 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 1 миллиарду 280 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 61 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини бахши меъморӣ, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал, хишти пухта, микросемент, сангҳои ороишӣ ва гипсокартон, коргоҳи истеҳсолии шарбати анору басту банди он, коргоҳи дӯзандагӣ ва васли марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи гидромехсаноати ҶСК «Тоҷикгидромантаж» дар шаҳри Норак сохта ба истифода дода мешаванд.Баробари бунёди ин корхонаҳои саноатӣ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавриди ёдоварист, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 206 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду навсозӣ гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин