Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

Ҷумъа Давлатов: «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллии Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозиданд»

Ҷумъа Давлатов: «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллии Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозиданд»Дар таърихи ҳар халқу миллат падидаҳое мавҷуданд, ки бо хатти заррин сабт гардида, дастоварду пешравиҳои давлату миллат ба он рабт доранд. Бешубҳа, барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин падидаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ.

-Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ҷумҳурии мо дар мамлакат тартиботи конститутсиониро халалдор ва бесомониҳоро ба вуҷуд оварданд.

Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри таҳкими истиқлоли мамлакат 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад.

Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии қабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозиданд. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногун гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани тартиботи қонунӣ ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

Ҳамчунин аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ зиёда аз 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Тибқи моддаи 109-и Конститутсияи собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин рӯ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардид. Акнун дар байни иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ мақомоти олии доимамалкунандаи ҳокимияти халқӣ Раёсати Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт, ки он давлатро ба таври куллӣ идора мекард.

Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Олии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро поягузорӣ ва устувор намуд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содиркарда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Чун мо дар арафаи ин санаи таърихӣ сухан мегӯем, ба хотир суханони Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз боз мегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Воқеан дар ин марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами мо, зуҳури ӯ ҳамчун лидери умумимиллӣ барои раҳоӣ аз ҷанги хонумонсӯз, барои ба ҳам пайвастани мардуме, ки пушти ду сангар қарор доштанд, замина гузошт.

Сарвари ҷавони тоҷикон дар ин солҳои мураккаб тавонист бо қарорҳои дурандешонаю оқилона миллати парешонро сарҷамъ кунад. Барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби мухолифин дар солҳои 1992-1997 замина гузошт.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Фарзанди фарзонаи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузоранд.

Давлатсозӣ, дар шароити муракка, фароҳам овардани заминаҳои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои таърихи куҳан, бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ-ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.

Муҳаққиқон бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатро яке аз муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалӣ гардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон, заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрӯзу фардо мебошад.

Масъалаҳои дигари муҳим дар ин марҳилаи ҳассос, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардидаанд, ҳифз намудани тамомияти арзии Тоҷикистон, дар муддати бисёр кӯтоҳи таърихӣ таъсис додан ва тақвият бахшидани рукнҳои муосири давлатдорӣ ва ташаккули низоми идоракунӣ мебошанд.

Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъмин карда мешавад.

Имрӯз хизматчиёни давлатӣ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ- абармарди давлатсозу ватанпараст дар баробари ҳар кадом сокини ин сарзамин дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар роҳи рушди мамлакати биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳон бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ,
Директори Агентии хизмати
давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз АМИТ «Ховар»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин