Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

16 НОЯБР. ИҶЛОСИЯ ВА ТУЛУИ ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ

16 НОЯБР. ИҶЛОСИЯ ВА ТУЛУИ ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТМусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Агар истиқлолият Тоҷикистонро аз низоми рукуд ва шахшуда ба ҷумҳурии соҳибистиқлол ворид кард, пас Иҷлосия авҷи ҷанги таҳмилии дохилиро хомӯш ва ваҳдату якпорчагиро сармашқи ҷомеаи кишвар намуд. Яъне, арзиши ин санаи таърихӣ баробари истиқлоли Тоҷикистон хеле баланд аст ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Ба бахти сокинони кишвар дар Иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ якдилона Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб карданд. Дар он айёми душвор, ки ҳеҷ кас ба як дақиқаи ояндаи зиндагиаш бовар надошт, ин вакили ҳақгӯю ҷасур масъулияти роҳбарии кишвари дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ азияткашидаро ба дӯш гирифта, дар дили ҳамватанон умеду бовариро ба ояндаи нек ҷо кард. Нахустин паёми роҳбари ҷавону софдил ва хайрхоҳ барқарор кардани сулҳу осоиштагӣ буд. Дар он давраи басо мураккаб ба зимма гирифтани ин вазифаи олӣ худ қаҳрамонӣ буд. Ӯ чун Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат дониста буд, ки дар он рӯзгори фоҷиабору вазнин чи масъулиятеро ба дӯш гирифтааст.
Бисёриҳо шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари давлат барои барқароршавии сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат чӣ гуна заҳматҳои зиёде кашиданд. То ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, яъне 27 июни соли 1997, Пешвои миллат ба хотири осоиштагии мамлакат 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан иштирок намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби қонуну қарорҳои Иҷлосияи XVI амал намуда, ба сарҷамъии мардуми парешони Тоҷикистон камари ҳиммат баст ва гурезагонро аз хориҷи кишвар, аз ҷумла кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ба Ватан даъват намуд. Ӯ бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Ин суханон замоне садо доданд, ки хонаву дари ин мардум бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сӯхта буданд. Ҳадаф ин буд, ки ҳамватанони мо баргарданд ва хонаву дарашонро обод созанд, зеро ҷуз онҳо каси дигар ба барқарор кардани хонаву дарашон даст намезанад. Ин маҳсули Иҷлосия буд. Иҷлосия дар назди Сарвари давлат дар канори дигар масъалаҳои муҳим ин рисолатро гузошт. Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона аз уҳдаи ин рисолат баромад. Ҳамватанони мо аз хориҷи дуру наздик ба Ватан баргаштанд ва Ватанро обод карданд. Дар ҳамон давра аз як тараф ҷанг ва аз сӯйи дигар проблемаҳои ҳаётӣ дар назди роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доштанд. Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвари ҷавони тоҷик камари ҳиммат баст ва мушкилоти ҷомеаро яке пайи дигаре ҳал мекард. Тоҷикистони пора-пора ниёз ба пайвандӣ дошт. Манотиқи кишвар аз ҳам ҷудо шуда буданд. Ӯ гуфт, ки то дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, бахшид. Ӯ гуфт, ки сулҳ меорам, овард. Оре, ҳама донишу таҷриба ва неруву ғайрати худро барои ин қиматтарину боарзиштарин неъмат равона намуд. Ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидааш бовар дошт. Дар ҳоле ки ин бовар ҳама мардумро тарк карда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Давлати Тоҷикистон аз он рӯзҳо сар карда, ҳадафҳои стратегиро рӯи даст гирифт, ки боз ҳам самараи Иҷлосия буд. Албатта, иҷрои ин ҳадафҳо кори осоне набуд, аммо дар партави қонуну қарорҳои таърихии Иҷлосия бо азму иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи баору номус муяссар гардид, ки заминаҳои мустаҳками рушди устувори иқтисодӣ, яъне сохтмони роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти дохиливу байналмилалидошта, нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳо бунёд гарданд. Яъне метавон гуфт, ки давра ба давра се ҳадафи стратегии кишвар ҷомаи амал пӯшид. Ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барои таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Ба ин тартиб, чор фасли сол роҳҳои кишвар фаъоланд ва мардум барои сафар ба манотиқи мухталиф ҳеҷ мушкилӣ надоранд.
Сарчашмаи ин ҳама дастоварду пешравиҳо интихоби дурусти вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мебошад. Маҳз ҷасорат ва садоқати бемисле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлат дорад, боис гашт, ки мақсаду вазифаҳои бамиёнгузоштаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гарданд ва мардуми мо батадриҷ ба зиндагии хуби босаодат ноил шуда, сол ба сол ба ҳаёти шоистатар даст ёбад. Бешак, хизматҳои ин марди бузург барои давлат ва мардуми Тоҷикистон бешуморанд, вале муҳимтарини онҳо бозгардонии сулҳу оромӣ ба кишвар, сарҷамъ намудани миллат ва бунёд гузоштани давлат аст.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Муҳаммадсаид Убайдулло,
раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин