Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТДИҲАНДАИ МИЛЛАТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТДИҲАНДАИ МИЛЛАТ16 ноябри соли 2022 мардуми тоҷик 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Иҷлосияи мазкур дар таърихи кишварамон воқеан ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, нақш бастааст. Ба туфайли он мардуми мо тайи ин муддат дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебарад. Дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзанда аст.

Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне (моҳи ноябри соли 1992) раҳбарии Тоҷикистонро ба уҳда гирифтанд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ комилан барҳам хурда, ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, ҳазорон нафар кушта ва гуреза шуда буданд, иқтисоду саноат нобуд гардида, сохтор ва дастгоҳи давлатӣ фалаҷ шуда буд. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт ва дар ҷомеа нобоварию ихтилоф ҷойи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро гирифта буд. Ҳамин тавр, вазифаи Раҳбари ҷавони нав интихобшуда дар охири соли 1992 нигоҳ доштани Тоҷикистон аз нобудшавӣ ва муҳимтар аз ҳама гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд.

Дар яке аз аввалин суханрониҳои худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва таъкид карда буданд, ки барои ба Ватан баргардондани тамоми ҳамватанон кӯшиш мекунанд. Сарвари давлат ба ваъдаи худ ҷавонмардона вафо карданд, яъне сулҳ оварданд ва ҳамаи тоҷикистониҳоро, ки ба сифати муҳоҷирони иҷборӣ дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан дар Афғонистон қарор доштанд, ба Ватан баргардонданд. Дар суханронии худ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Давлатї, Пешвои миллат ин иқдомро яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлолият донистанд.

Ҳамзамон, сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо барқарор гардид, артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои зарурии давлатдорӣ ташкил дода шуданд. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар СММ муаррифӣ карданд ва кишварамон ба сифати давлати мустақил мавқеи арзандаи худро дар арсаи байналхалқӣ ишғол намуд.

Ҳамин буд, ки дар соли 1994 мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар натиҷа дар кишвар фазои озодию мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдию дунявият устувор гардид. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар як муддати кутоҳи таърихӣ вазъи ақидатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон ислоҳ гардида, решаҳои ҷангу низоъҳои дохилӣ барканда шуданд. Муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар натиҷаи он бештар аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ҳалок шуда буданд, хотима дода шуд. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид.

Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, донишу хирад ва инсондӯстии Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ӯ мардумро дар атрофи сиёсати созандаи худ муттаҳид созад ва дар муқобили душманону бадхоҳон манфиатҳои миллии давлати ҷавони Тоҷикистонро ҳифз намояд. Саъю талошҳои фаровони Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ҳассос натиҷа оварданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафт расид. Бояд таъкид кард, ки марҳилаи барқарории сулҳ ва созиши миллӣ дар таърихи муосир ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад.

Имрӯз хеле осону роҳат дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва мушкилоти ба он марбут ҳарф мезанем, аммо набояд аз хотир фаромуш кард, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бистум вазъи номусоиди амниятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ мардуми кишвар ва ҷомеаи тоҷикиро ба гирдоби ноумедию дилсардӣ гирифтор карда буд. Ин аст, ки ҳар кас дар он вазъи харобу валангор масъулият ва рисолати раҳбариро бар уҳда намегирифт.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти раҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, муваффақ ва созанда буда, пеш аз ҳама ба беҳбудии зиндагии мардум ва ҳифзи манофеи миллӣ равона гардидааст. Бунёди НБО Роғун ва дигар иншооти энергетикию саноатӣ, роҳҳою нақбҳои сатҳи байналмилалӣ аз дастовардҳои ин сиёсат мебошанд.

Ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон бархурдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан Эмомалӣ Раҳмонро дар байни аҳолӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидааст. Пешвои миллат новобаста аз масруфиятҳо ҳамеша бо мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон мулоқот мекунанд, аз ҷараёни зиндагии аҳолӣ бархурдор мегарданд, бо халқ қарину ҳамнафас ҳастанд. Зеро аз миёни мардум баромадаанд ва рисолати худро қабл аз ҳама хидмат ба мардум ва амнияту осоиштагии ҷомеа меҳисобанд. Аз ҳама муҳимтар, оромиш, субот ва амнияте, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, далели дурустию хирадмандона будани сиёсати Пешвои миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин сиёсат мо фазои орому зиндагии обод дорем ва кишварамон дар ҳоли рушд кардан мебошад.

Маъмулан, ҳар замон, ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, шахсияти варзидае рӯйи кор меояд, ки миёни омма аз маҳбубияти вижа бархурдор буда, бо донишу хирад, маҳорату таҷрибаи сиёсӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, кишварро наҷот медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон айнан чунин шахсият ҳастанд ва ҳамчун Пешвои миллӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, дар масири ҳифзу тараққии кишвар муваффақ гардидаанд.

Ҳ. Хоҷаев, ҳамоҳангсози кор

бо магистрон, докторантони PhD

ва унвонҷӯёни Институти фалсафа,

сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи

А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин