Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешаванд

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешавандАз 22 то 26 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд, иттилоъ додааст ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов.
Ҳайати рӯзҳо, иборат аз 80 нафар ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар намуд.

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.

Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон доир гардида, ансамблҳои «Лола», «Парасту», ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.

8 октябри соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд, ки дар доираи он роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар карда шуд.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар густариши муносибатҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин