Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 
  • 16:21 – ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - НАҶОТИ БАШАРИЯТ 
  • 16:56 – Ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ ба муносибати эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 
  • 14:20 – «МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид 

Дар Павилиони Тоҷикистон дар Миср масоили марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Дар Павилиони Тоҷикистон дар Миср масоили марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид«Идоракунии ҳамгироишудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»- таҳти чунин унвон дар Павилиони миллӣ, ки дар ҳошияи конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил шудааст, ҳамоиш баргузор гардид. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Дар ҳамоиш аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор нисбат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид. Инчунин намояндагони якчанд вазорату идораҳо, Фонди мутобиқсозӣ ва БРСММ роҳҳои ҳалли тезонидани мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таъсири онро барои суръат бахшидан ба рушди устувор муҳокима намуданд.

Дар ҳамоиш менеҷери лоиҳаи БРСММ оид ба «Равиши ҳамгироишудаи ландшафтӣ барои баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ва чорвопарварон ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» ва аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор нисбат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим рӯнамо пешниҳод намуд.

Дар ҳамоиш Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва муовини сардори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумита иштирок намуда, сухан гуфтанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин