Санаи 15-уми декабр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2022, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Шаҳринав дар мавзӯи “Оилаи солим - асоси ҷомеаи солим” бо сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.Дар кори чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умеда Абдуллозода ва муовини раиси ноҳияи Шаҳринав - Неъматуллозода Шоиста иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрии мазкур занони фаъол, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои қудратӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шаҳринав – Неъматуллозода Шоиста оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия дар оғоз меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мавзӯи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ қайд намуд, ки мавзӯи солимии оила яке аз масъалаҳое ба шумор меравад, ки мавриди таваҷҷуҳи хосаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар идомаи кори вохӯрӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодихон Ҷамшед суханронӣ намуда, муҳимияти мавзӯи чорабиниро, ки ба масъалаи солимии оила бахшида шуда буд, махсус таъкид намуд. Гуфта шуд, ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимии оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва бо ин васила нигоҳ доштани солимии ҷомеа як қатор чораҳои мушаххас андешида шудааст, ки мақсад аз онҳо, дар умум, ҳифзи генофонди миллӣ ва шакл додани ҷомеаи аз нигоҳи ҷисмониву равонӣ солим мебошад. Мовини вазири тандурустӣ дар идомаи баромади худ қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, аз ҷониби вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модару кӯдак ва паст намудани сатҳи фавти онҳо барномаҳои мушаххас дар амал татбиқ гардида истодааст.
“Бунёди ҷомеаи солим яке аз масъалаҳои муҳим ва таваҷҷуҳ ба он амри саривақтӣ ба шумор меравад. Албатта, солимии ҷомеа аз солимии оила ва солимии оила аз зан-модари солим сарчашма мегирад”, - қайд намуд дар суханронии хеш муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умеда Абдуллозода. Ӯ дар идома зикр намуд, ки оилаҳое, ки дар асоси меҳру муҳаббат ва садоқату ҳамдигарфаҳмӣ бунёд мешаванд, пойдевори асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Зан бояд дар баробари мард дар интихоби ҳамсари худ мустақилият дошта бошад. Ин ҳуқуқ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон кафолат дода шудааст. Аммо новобаста аз қабули қарору қонун, татбиқи барномаву лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, маҷбуран ба шавҳар додани онҳо, никоҳи хешутаборӣ ва дигар омилҳое, ки ба ҳаёту фаъолияти занон иртибот мегиранд, дар ҷомеаи мо ба чашм мерасанд.
Кори вохӯрӣ бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам идома ёфт. Рудобаи Мукаррам дар баромади хеш зикр намуд, ки суннати оиладорӣ барои миллати тоҷик яке аз муқаддасоти муҳим ба шумор рафта, тарбияи дурусти кӯдакон ва ба роҳи рости ҳаёт ҳидоят намудани онҳо аз вазифаҳои асосии волидайн маҳсуб мешавад. Қайд гардид, ки оилаи солим ҳамон вақт метавонад шакл гирад, ки падар ва модар аз хулқу атвори нек бархурдор бошанд. Танҳо дар ин сурат, фарзандон дар руҳияи ахлоқи нек, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишу муқаддасоти миллӣ тарбия ёфта, ба камолати маънавӣ мерасанд ва барои бунёди ҷомеаи солим асос мегузоранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам дар хотимаи суханронии хеш зикр намуд, ки мақсаду ҳадафи Роҳбарияти олии давлат ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тарбияи насли аз лиҳози ҷисмонӣ солим ва аз нигоҳи маънавӣ бомаърифату бошуур ва бо ин васила бунёди ҷомеаи солим ва хирадсолор ба ҳисоб меравад.
Дар хотимаи чорабинӣ занон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, ҳамовозии худро ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд. Кори вохӯрӣ бо сухани ҷамъбастии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам хотима ёфт.