Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

«МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид

«МУРАББИИ СОЛ-2022». Малика Саидова дар Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардидМураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова (дар акс) дар озмуни «Мураббии сол-2022» сазовори ҷойи якум гардид. Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №150-и ноҳияи Сино Фирӯза Назарова сазовори мақоми дуюм, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и ноҳияи И.Сомонӣ Шоира Камолова зинаи сеюм ва мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур Шаҳноза Шарифзода ҷойи чоруми ин озмун гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 то 14 декабр баргузор гардида, ғолибони он дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин