Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК

2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕКДирӯз, 28-уми декабр дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи дуюми соли 2022 ва вазифагузорӣ барои соли 2023 баргузор шуд. Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Авзалов Ғайбулло, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Иброҳимзода Зафаршо, аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯрои куҳансолон - Авзалов Ғайбулло ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Рӯзномаи ҷаласа ду масъалаи асосӣ - ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат – Рудобаи Мукаррам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, ҳисоботи ​ Раиси Шўрои куҳансолон – Авзалов Ғайбулло оид ба фаъолияти Шўрои куҳансолон дар ин давра ва масъалаи дуюм шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат музтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дар бар мегирифт.
Азрӯи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли 2022 гузориши муфассал дод. Рудобаи Мукаррам дар баромади худ қайд намуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроия тамоми бандҳои нақша-чорабиниҳои Ҳаракат, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, иҷро гардид. Илова ба ин, Кумитаи иҷроия якҷо бо дигар вазорату кумита ва идораҳои дахлдори давлатӣ дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва табиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат як силсила корҳои муайянро иҷро кард. Дар идомаи суханронӣ, Раиси Кумитаи иҷроия қайд кард, ки Кумитаи иҷроия рисолати худро дар назди давлат, халқ ва Пешвои муаззами миллат бо ватандӯстию созандагӣ анҷом дода, сиёсати давлатро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати тақвият додани ғояҳои ​ созанда ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон талоши хешро равона хоҳад намуд.
Дар идомаи ҷаласа, гузориши Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Авзалов Ғайбулло оид ба фаъолияти Шӯрои куҳансолон дар нимсолаи дуюми соли 2022 шунида шуд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ аъзои Шўрои куҳансолон ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вохӯриву мулоқотҳо ҷалб шуда, дар татбиқи сиёсати Роҳбари давлат фаъолона ширкат карданд. Таъкид шуд, ки аъзои Шӯрои куҳансолон барои таблиғи ғояҳои созанда ва ташвиқи сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат пайваста талош намуда, аз таҷриба ва донишу ҷаҳонбинии худ барои тарбияи ҷомеа истифода мекунанд. Раиси Шӯрои куҳансолон дар гузориши худ қайд кард, ки: “Соли ҷорӣ аъзои Шўрои куҳансолон фаъолияти созанда доштанд ва дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ фаъолона ширкат варзиданд”.
Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа, яъне шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ​ ва эҳёи Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Узви Шӯрои куҳансолон - Насриддинова Латофат оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, илму фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва занон баромад карданд. Оид ба паҳлуи иқтисодӣ, саноат ва дигар мавзӯъҳои марбут ба он узви Шӯрои куҳансолон - ​ Давлатов Матлубхон суханронӣ намуд. Салимзода Шерхон масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятие, ки дар Паёми Роҳбари давлат зикр шуданд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дод.
Дар охири кори ҷаласа, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тољикистон ​ - Рудобаи Мукаррам аъзои Шўрои куҳансолон ва иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатию сарбаландӣ орзу намуд.
Дар фарҷом, иштирокчиёни ҷаласа ва аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2022 баҳои баланд доданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин