Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО

ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО

Мўрчаҳо аз қадим диққати одамонро бинобар ташкили оқилонаи кори якҷоя, дуруст ба роҳ мондани ҳаёт, бо меҳнатдўстӣ ва пуртоқатиашон ба ваҷд оварда буданд. Одамон махсусан дар айёми хушксолӣ кўшиш мекарданд, ки ба бисёр саволҳои пешашон пайдошуда ҷавоб ёбанд. Мўрчаҳо ҳамеша намунаи қотеияту суботкорӣ буданд, инсонҳо аз онҳо натарсидан аз монеаҳо, ба мақсад бурдборона расидан ва боварӣ ба қувваи худро омўхтаанд. Беҳуда нест, ки ба мўрчаҳо бисёр панду ҳикматҳоро бахшидаанд.

Инак, якчанд намуна аз онҳо:
 Мўрчаҳо дар якҷоягӣ ба шер ҳам ғолиб меоянд.
 Эй тамбал, ба назди мўрчаҳо рав, аз онҳо ободгариро биомўз.
 Ҳеҷ воизи суханваре нест мисли мўрчаҳо, ки овоз набароварда, ба мақсад мерасанд.
 Мўрчаҳо заифанд, аммо сангро меафтонанд.
 Мўрчаҳо ҷисман хурд, аммо дар кор бузурганд. Мўрча бо мўрчаҳои дигар муқтадир аст.
 Ба назди мўрчаҳо рав, эй тамбал, ба кори онҳо назар кун ва оқил бош, онҳо роҳбар надоранд, устод надоранд ва ҳукмрон ҳам надоранд, вале онҳо дар тобистон хўроки худро захира мекунанд, дар вақти ҷамъоварии ҳосил ғизои худро ғун менамоянд, мўрчаҳо боқувват нестанд, аммо қудрати дар тобистон хўрок захира карданро доранд. Мўрчаҳо натанҳо қобилияти ҳискунӣ доранд, балки ақлу ҳирад ва зеҳн доранд. Агар кас битавонад аз осмон ба замин нигоҳ кунад, фарқияти кори миёни одамон - аз як тараф ва кори замбўрҳо ва мўрчагонро - аз тарафи дигар мебинад!
 Маро корнамоии мўрчаҳо ва замбўрҳои хурдҷусса ба ваҷд меорад, назар ба наҳангони бузург. Ҷисмашон, албатта, хурд, аммо нанговар нест.
 Мўрчаҳо беандоза оқи-ланд. Мо низ кўшиш мекунем ба ҳаёти мўрчаҳо сарфаҳм равем, усулҳоеро, ки метавонанд ба онҳо дар амалӣ намудани орзуҳояшон мусоидат кунанд, био-мўзем. Махсусан табиат ба мо намунаҳои аҷоиби устувории ононро дар роҳи мақсад нишон медиҳад. Ана, ҳамин аст фалсафаи мўрчаҳо, ки ҳамаи ҳикмати табиат дар он ҷой гирифтааст. Мўрчаҳо ҳеҷ гоҳ таслим намешаванд. Мўрчаҳо якдигарро меомўзонанд, таҷрибадорон бетаҷрибаҳоро, пирон хурдонро меомўзонанд. Мўрчаҳо аз ягон монеа наҳаросида, ба сўи ҳадаф мераванд.
 Мўрчаҳо якдигарро дар ҳамаи душвориҳо ёрӣ медиҳанд.
 Мўрчаҳо чӣ қадаре ки дур нараванд, ҳамеша ба хонаи худ бармегарданд.
 Мўрчаҳо ҳама меҳнатдўстанд ва аз субҳи содиқ то дергоҳи шаб кор мекунанд.
 Мўрчаҳо ба ҳамдигар роҳи кўтоҳи расидан ба мақсадро нишон медиҳанд. Фаъолияти ҳар як мўрча ба таъмини самаранокии оила равона гардидааст. Мўрчаҳо дар ҳаҷми бештар аз талаботи худ хўрок захира мекунанд, ғамхорӣ ба дигарон дар ҳамин зоҳир мегардад.
 Фаъолияти мўрчаҳо аз зарурати таъмини оила муайян мегардад. Вазифаи ба уҳдаи ҳар як мўрча гузошташуда бе ягон шиква иҷро карда мешавад. Мўрчаҳо кореро иҷро мекунанд, ки дар назари аввал иҷронашаванда аст. Ҳавасмандии мўрчаҳо ба талаботи оила, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳатто ба подоши заҳмат асос ёфтааст.
 Мўрчаҳо аз ҳеҷ кор саркашӣ намекунанд, агар он барои оила зарур бошад. Барои ҳар як мўрча имконияти интихоб намудани машғулият ва нишон додани ташаббус вуҷуд дорад. Ташаббускории ҳар як мўрча аз ҳавасмандкунии вай дар мўрчахона вобаста аст. Роҳбарҳо (пешвоҳо) дигар мурчаҳоро идора ва роҳнамоӣ мекунанд.
 Вазифаи мушкилро мўрчаҳо бо муттаҳидӣ ҳал мекунанд.
 Мўрчаҳо ба мақсади худ тавассути ҳамдигарфаҳмӣ ноил мегарданд. Ҳамдигарфаҳмӣ дар фаъолият шарти зарурии муваффақият мебошад.
 Ғолибияти мўрчаҳо бо қобилияти муттаҳидшавии онҳо дар вақти корзор муайян мегардад, дар муттаҳидӣ қувваи ҳар як мўрча зиёд мегардад.
 Мўрчаҳо аз назди мўрчаи ба кўмак муҳтоҷ ёрӣ надода намегузаранд.
 Дар гузашта ҳакимоне буданд, ки ба шахси зиндагиаш вайрон маслиҳат медоданд, ки онро дар пайравӣ ба мўрчаҳо аз нав бисозад. Аз ҷумла, дар ташкили фаъолияти якҷоя.
 Қоидаи асосии мўрчаҳо - як кас барои ҳама, ҳама барои як кас. Баъд аз кўшишҳои номуваффақ мўрчаҳо аз нав кўшиш мекунанд, то он даме, ки ғолиб оянд. Дар бартараф кардани мушкилиҳо ба мўрчаҳо ҳеҷ кас баробар шуда наметавонад.
 Ҳар як мўрча дар иҷрои уҳдадориҳои худ боинтизом ва устувор аст.
 Мўрчаҳо дар мутобиқат бо табиат зиндагӣ мекунанд.
 Мўрчаҳо дар ташкили дурусти меҳнат аз ҳама пеш ҳастанд. Дар ҳама давру замон мўрчаҳо рамзи меҳнатдўстӣ ва пуртоқатӣ буданд.
 Фаъолияти якҷоя ба мўрчаҳо имконият медиҳад, ки вазифаҳои аз ҳама мушкил ва қариб иҷронашавандаро ба ҷо оранд.
Ҳамин тавр, зиндагию кори мўрчагон барои мо, инсонҳо баъзан метавонад баробари як мактаби бузурги ҳикмат омўзандаю мояи ибрату пайравӣ бошад.
Таҳияи Маҳмадулло НАИМОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин