Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ

Гузориши мухтасар аз фаъолияти Ҳаракати ҷамъ ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шурои куҳансолони он дар соли 2017
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тибқи Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2017 дар якҷоягӣ бо Шўрои куҳансолон бо доираҳои мухталифи ҷомеа 112 вохўрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Дар ҷаласаҳои муштараки Комиҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракат масъалаи тарғиби қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, мунтазам таъкид гардида, Кумитаи иҷроияи Ҳаракат вобаста ба ин бо кумитаҳои кор бор занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ ва дигар аҳзоби сиёсӣ ҳамкориҳои пайвастаро роҳандозӣ намуд.
Вобаста ба ин соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Айнӣ ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Комиҷроия, Раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов, муовини Раиси Шўрои Ҳаракат Шоири халқии Тоҷикистон М. Бахтӣ, аъзои комиҷроия Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, аъзои Шўрои куҳансолон А.Сатторзода, Қ.Восеъ, Ҳ.Пирумшоев ҳамоҳангсози Ҳаракат Р.Давлатов суҳбату вохўриҳо доир гардид.
Ҳамзамон дар вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти гумрук, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Академияи милиса марбут ба масъалаи мазкур вохўрию мулоқотҳои судманд доир гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷилдҳои 27 ва 28- уми силсилакитоби “Ваҳдат, Давлат, Президент” (Меҳрномаи Ваҳдат) бахшида ба 20- солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ба нашр расиданд, ки як қисмати он иборат аз маҷмуи мақолаҳои олимон, рўзноманигорон, назари коршиносони масоили геодезия оид ба тарғиби қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” бахшида шудааст.
Тибқи нақша соли сипаригардида дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кўлоб, ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон, бо иштироки Раиси Шўрои куҳансолон дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом, Исфара, ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд конференсияҳои Шўрои Ҳаракат баргузор гардид. Аз ҷониби иштироккунандагони конференсия якдилона раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур раисони Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб гардиданд.
Дар давоми соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32, ҷамоати Сешанбе, деҳаи Баҳори шаҳри Турсунзода доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила И.Қосимзода, Раиси Комиҷроияи Ҳаракат, мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р.Давлатов, ходими давлатию ҷамъиятӣ А.Узоқова иштирок ва баромад намуданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли сипаригардида ташкили вохўрию мулоқотҳоро дар қисмҳои низомӣ бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ба роҳ монд, ки чунин чорабиниҳо дар шаҳри Панҷакент дар қисми низомии 05170- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми низомии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмҳои низомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва ҳамин гуна сўҳбату вохўриҳо дар қисмҳои низомии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои зикргардида баргузор шуданд.
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикстон конференсияи илмӣ- назариявӣ бахшида ба 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи “Омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори донишкада Ҷ.Ғанизода, Раиси Комиҷроияи Ҳаракат, Раиси Шўрои куҳансолони Ҳаракат Ғ. Авзалов ва устодону шогирдони донишкадаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Суҳбату вохўриҳо бо сокинони шаҳри Турсунзода дар мавзуи “Анъанаҳои ҷашни Наврўз ва арҷгузорӣ нисбат ба он дар даврони Истиқлолият” бо иштироки Раиси Комиҷроия М.Асрорӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Н.Қосим, аъзоёни Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллии шаҳр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хеле хотирмон баргузор шуд.
Вобаста ба нақша ташкили “Корвони Ваҳдати миллӣ” ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 4-и нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ №16/10-131 аз 06.06.2017 бо роҳбарии Раиси Комиҷроияи Ҳаракат, Раиси Шўрои куҳансолон Ғ.С.Авзалов, муовини Раиси Шўрои Ҳаракат М.Бахтӣ, аъзои Комиҷроияи Ҳаракат Гулназар, мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р.Давлатов, ҳамоҳангсози Ҳаракат дар ноҳияҳои минтақаи Рашт А.Шарифов аз 12 то 17.06.2017 дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш сафари корӣ анҷом доданд.
Комиҷроияи Ҳаракат дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва ҷалби дастаҳои ҳунарии тобеи Вазорат бо иштироки шоиру нависандагон бахшида ба 20 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев таҳти унвони “Таронаи ваҳдат”маҳфили шеъру суруд баргузор намуд.
Дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Баҳористон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» «Пойтахт» ва дар шабакаҳои радиоӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат, мушовири калон- ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов, аъзои Шўрои марказӣ, Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолон Ғ. Авзалов, М. Бахтӣ, Гулназар, Л. Насриддинова, К. Мирзоев, Н. Яздон, Қ. Восеъ дар мавзуи «Ваҳдат – пойдевори давлати соҳибистиқлол» силсилагуфторҳо ва намоишҳои телевизионӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Бахшида ба 10- солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки Раиси Комиҷроия, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р.Давлатов, аъзои Шўрои куҳансолон, профессор А.Самиев, Л. Насриддинова, Н.Яздон, С.Ахмедов бо коллективҳои меҳнатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохўриҳо ташкил карда шуд.
Тибқи нақша дар мавзўи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият” бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракат бо ҷалби намояндагон аз Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” дар маҷлисгоҳи хурди Иттифоқи “Тоҷикматлубот” мизи мудаввар баргузор гардид.
Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Алимуҳаммад Мирзоеви деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва Гимназияи №1-и деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дўкони шаҳри Норак вохўриҳо ташкил карда шуд, ки дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳр А.Исмоилов, сармутахассиси идораи маорифи шаҳр С.Одилов иштирок намуданд.
Бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавзўи “Нақши ҷавонон дар тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо донишҷўёни факултаи рўзноманигории Донишгоҳи миллӣ дар конфронсзали факултаи журналистикаи донишгоҳ семинар бо иштироки Раиси Комиҷроия, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов, муовини декани факулта С.Гулов бо ҷалби устодону донишҷўёни факултаи мазкур бо пешниҳоди маърўзаҳои омода намудаашон баргузор гардид.
Силсилаи вохўриҳо дар мавзуи «Конститутсия- шиносномаи миллат» бахшида ба 23-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №100 ноҳияи Шоҳмансур ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, инчунин бо ҷалби хонандагон аз омўзишгоҳҳои касбӣ ва литсейҳои пойтахт (литсейи алоқа, литсейи информатика ва омўзиши компютерӣ, литсейи дўзандагӣ, литсейи бачагони болаёқати №1 гузаронида шуд, ки дар онҳо Раиси Шўрои куҳансолон Ғ.С.Авзалов, Шоири Халқии Тоҷикистон, аъзои Шўрои куҳансолон Назри Яздон ва Нависандаи Халқии Тоҷикистон Урун Куҳзод иштирок намуданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Шўрои куҳансолон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони «Навои Ваҳдат»-ро баргузор намуд.
Ба нашр расонидани мақолаҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ доир ба сулҳу ваҳдат, дўстиву созандагӣ, эҳёи давлатдорӣ арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари ҳайати эҷодии нашрияи «Ваҳдат» қарор дорад.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки ҷамъияти бузурги мардуми Тоҷикистони азизро фаро гирифтааст, садоқатмандона ва пайгирона ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси Шурои марказии Ҳаракат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ гардонида, талошҳои худро ба он равона месозад, ки ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва шукуфо гардонем.

Кумитаи иҷроияи Ҳаракати
ҷамъиятии ваҳдати миллӣ
ва эҳёи Тоҷикистон
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин