Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

ОЗМУНИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ

Даври вилоятии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар байни хонандагони синфҳои 8-9-уми муассисаҳои таълимии вилоят дар қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд. Озмун аз рӯи шартҳои машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, сӯхторнишонӣ ва таҳияи рӯзномаи деворӣ гузаронида шуд. Баромади иштирокчиён аз ҷониби ҳакамони озмун- кормандони Комиссариати ҳарбӣ, раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят баҳогузорӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳамаи шартҳо ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм насиби дастаи шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ гардид. Fолибону иштирокчиёни фаъол бо диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.
ОЗМУНИ  ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин